Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафар кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр барои ширкат дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии президент дар умури робитаҳои хориҷӣ ва дигар афрод расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз, панҷшанбеи 6-уми декабр баргузор мешавад.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 27 сол пеш ба хотири сарҷамъ кардани 15 кишвари Шӯравии собиқ таъсис ёфтааст. Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки ИДМ як созмони "шаклногирифта ва бесамар" аст.

Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ин созмон ҳастанд. Кишварҳои назди Балтика – Литва, Латвия ва Эстония ҳеҷ гоҳ аъзои ин созмон набуданд. Гурҷистон баъди ҷанги моҳи августи соли 2008 бо Русия аз узвияти СНГ хориҷ шуд. Украина ба далели мухолифатҳояш бо Русия ва ишғоли Қрим аз тарафи Маскав дар соли 2014 чанд сол боз намояндагони худро ба нишасти созмон намефиристад.

XS
SM
MD
LG