Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон 26-уми декабр паёми солона ироа мекунад


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр паёми худ ба Маҷлиси олиро ироа хоҳад кард. Ин 17-уми паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳоди қонунгузори Тоҷикистон мебошад. Як манбаи мӯътамад дар Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, омодагиҳо барои паёми раисҷумҳур ба Маҷлиси Олӣ шурӯъ шудааст.

Ба қавли манбаъ, дар маросими ироаи паём ба ҷуз аз вакилони ду палатаи порлумон аъзоёни ҳукумат низ иштирок хоҳанд кард. Дар назар аст, ки инчунин паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар муассисаҳои давлатӣ ва таълимӣ аз тариқи экранҳои бузург тамошо кунанд.

Паёми президент ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола ироа мешавад ва дар он нуктаҳои асосии фаъолияти ҳукумат дар соли оянда садо медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём дар соли гузашта, ки беш аз ду соат идома кард, аз бӯҳрони бонкҳо, маҳсулоти пастсифати бозорҳо, чолишҳои амниятӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ва масоили дигар сӯҳбат кард.

Муҳимтарин нуктаҳои паёми президент дар соли гузашта ин боло рафтани музди меҳнат ва эълони дусолаи моратория дар санҷиши фаъолияти соҳибкорон буд.

Гузоришҳои видеоӣ

Дар шаш моҳ 10 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG