Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони мушакӣ. Амрико ба Русия 60 рӯз вақт дод


Амрико ба Русия 60 рӯз фурсат додааст, то худро ба шартҳо ва ӯҳдадориҳои дарҷшуда дар Паймони мушакии давраи Ҷанги Сард мутобиқ кунад ва дар ғайри он, ИМА ба таври комил аз он хориҷ хоҳад шуд. Қаблан раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп эълом карда буд, ки кишварашро аз ин паймон берун мекунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи сешанбеи 4-уми декабр Русияро муттаҳам кард, ки ба ӯҳдадориҳои худ дар заминаи назорати аслиҳа амал накардааст ва дар сурате, ки Маскав ба ин аҳднома пойбанд набошад, пас аз ду моҳ Вашингтон номаи расмӣ барои хуруҷ аз ин паймонро пешниҳод хоҳад кард. Дар сурати ироаи ин ёддошт, дар муддати шаш моҳ вақт тарафҳо ба таври комил аз паймон берун хоҳанд шуд.

Паймони манъи мушакаҳои миёнапарвоз дар соли 1987 байни Роналд Рейган ва Михаил Горбачев, раиси ҷумҳури Амрико ва Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ имзо шуд.

Изҳороти Майк Помпео дар ҷараёни мулоқоти ӯ бо вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО матраҳ шудааст. Вазири умури хориҷии Амрико таъкид кардааст, ки ҳифзи Паймони мушакӣ "бастагӣ ба Русия дорад". Ӯ зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, Русия ба сохтани мушакҳои наве даст задааст, ки таҳдиде барои Аврупо мебошад.

Вазири умури хориҷии Амрико дар бахши дигар аз суханони худ изҳор кардааст, "кишварҳои мо дар баробари як интихоб қарор доранд, ё сарамонро дар барф фурӯ мекунем ё дар вокуниш ба беаҳамиятии Русия ба ӯҳдадориҳои дарҷшуда дар Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз, бар пояи хиради солим чораҷӯӣ мекунем."

Паймони манъи мушакҳои миёнапарвоз дар соли 1987 байни Роналд Рейган ва Михаил Горбачев, раиси ҷумҳури Амрико ва Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ имзо шуд. Аммо давоми ин солҳо Амрико борҳо аз шеваи амалкарди Русия дар ин паймон интиқод кардааст. Русия низ аз дар ин робита Амрикоро ба боди интиқод кашидааст.

Дар ниҳоят мақомҳои Амрико дар соли 2014 ошкоро Русияро муттаҳам карданд, ки ба тавсеаи мушакҳое, ки манъ шудаанд, идома додааст. Русия аз сӯи дигар гуфтааст, бахшҳое аз системаи дифоии Амрико бар хилофи ин паймон аст ва ё инки Амрико "санаде дар мавриди тавсеаи мушакҳои манъшуда дар Русия надорад". Албатта дар муттаҳам кардани Русия, Амрико танҳо нест ва шахсиятҳое монанди дабири кулли НАТО низ гуфтаанд, Маскав паймонро зери по гузоштааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар авохири моҳи октябри соли ҷорӣ эълом кард, аз ин паймон хориҷ мешавад. "Мо ба Русия иҷозат нахоҳем дод даст ба нақзи як тавофуқ бизанад, бираванд барои худашон силоҳ тавлид кунанд, дар ҳоле, ки мо иҷоза надорем чунин коре бикунем."

Раиси ҷумҳури Русия низ эълом кард, агар Амрико мушакҳои миёнапарвози худро дар Аврупо ҷобаҷо кунад, Маскав кишварҳои мизбони ин ҷангафзорҳоро дар тирраси худ қарор медиҳад.

Мӯҳлати 60-рӯзаи ахир аз тарафи Амрико ба Русия дар ҳоле дода шуд, ки Федерико Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Аврупо чанд рӯз қабл гуфта буд, ки дар мавриди сарнавишти паймони соли 1987 "ба шиддат нигарон аст" ва ҳушдор дод, ки амнияти Аврупо метавонад дар хатар қарор гирад.

Муттаҳидони Амрико дар НАТО рӯзи сешанбеи 4-уми декабр гуфтанд, ки аз изҳороти Амрико дар мавриди нақзи ӯҳдадориҳо аз сӯи Русия "шадидан ҳимоят" карда ва хостори пойбандии Русия ба ин паймон ҳастанд. Аз изҳорот ва гуфтаҳои ахир чунин бардошт мешавад, ки эҳтимолан Паймони манъи мушакҳои миёнапарвоз дар моҳҳои оянда ба таври расмӣ ба поён хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG