Раққосаи рӯи ях ва ҳамсари Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, Татяна Навка молики муштараки "Галит" - ширкати тавлиди намаки Қрим шуд. Навка 16 дар сади сармояҳои ширкатро ба даст овард. Дар ин бора нашрияи The Bell рӯзи 4-уми декабр хабар дод.
Навка саҳмияҳоро охири моҳи ноябр дарёфт кард. Дар як замон бо ин таҳаввулот, корхонаи "Галит" дар музоядаи қарордоди 26 миллион рубл барои содироти намаки техникӣ ба корхонаи "Қримавтодор" пирӯз шуд. Ширкат ягона муддаии қарордод буд.
Ба маълумоти The Bell, ба ҷуз аз Навка, ҳамчунин узви Шӯрои федератсия Юрий Волков, молики шабакаи телевизионии "Царыград" Константин Малофеев ва каскадер Александр Иншаков соҳиби саҳмияҳои ширкати "Галит" номбар мешаванд.
Навка ба дархости The Bell барои суҳбат посух надод. Ширкати "Галит" ин маълумотро, ки ҳамсари Песков 16 дар сади саҳмияҳоро гирифтааст, тасдиқ ё такзиб накард.
Соли 2015 Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний дар бораи Дмитрий Песков - сухангӯи Владимир Путин ва ҳамсари ӯ Татяна Навка маълумот нашр кард. Ба иттилои бунёди Навалний, қимати манзиле, ки Песков бо ҳамсараш дар он зиндагӣ мекунад, ҳудудан 1 миллиард рубл аст.
Ҳамчунин Навалний дар бораи нархи киштие, ки сухангӯи Кремлин дар он истироҳат кард ва соати бисёр гаронбаҳои ӯ маълумот дод ва аз додистонӣ талаб кард, ки манбаи ин дороиҳоро таҳқиқ кунад.