Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, сабқати таслиҳотро бо раҳбарони Русия ва Чин матраҳ мекунад


Доналд Трамп ва Сӣ Ҷинпин
Доналд Трамп ва Сӣ Ҷинпин

Президенти Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки масъалаи сабқати таслиҳотиро дар оянда бо раҳбарони Русия ва Чин матраҳ мекунад. Трамп дар ин бора рӯзи 3-юми декабр дар "Твиттер" хабар дод.

Раҳбари Кохи Сафед андозаи буҷаи низомии Амрико барои соли 2019-ро, ки ба рақами рекордии 716 миллиард доллар баробар аст, "девонагӣ" номид.

Трамп гуфтушунидаш бо президенти Чин Сӣ Ҷинпин дар ҳошияи саммити G20 дар Аргентинаро "қадами калоне ба пеш" номид. Ба дунболи ин музокирот Пекин розӣ шуд, ки таърифаи 40-дарсадӣ ба воридоти мошин аз Амрикоро аввал коҳиш диҳад ва сипас комилан лағв кунад.

Ба гуфтаи Трамп, ин қарор на танҳо ба иқтисоди Амрико ва Чин, балки ба иқтисоди кишварҳои дигар низ таъсири мусбат мерасонад.

Президенти Амрико дар охирин лаҳза мулоқоташро бо президенти Русия Владимир Путин дар Буэнос -Айрес лағв кард. Сабабашро Трамп ҳамлаи марзбонҳои Русия ба киштиҳои низомии Украина номид. Дар Департаменти давлатии Амрико гуфтанд, ки Доналд Трамп бо Путин танҳо дар ҳоле мулоқот мекунанд, ки агар Русия маллоҳони украиниро раҳо кунад.

Дар стратегияи амнияти миллии Амрико, ки охири соли гузашта қабул шуд, Русия ва Чин ҳарифони аслии Иёлоти Муттаҳида унвон шуданд.

XS
SM
MD
LG