Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи нахуствазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Санкт-Петербург рӯзи 6 декабр мавзӯи таъини дабири кулли ин созмон баррасӣ намешавад. Пашинян дар ин бора рӯзи якшанбе, 2 декабр дар баробари хабарнигорон изҳорот дод. Пашинян гуфт, ки ҳанӯз дар ин масъала «иттифоқи назар ба даст наомадааст».
Рӯзи 2 ноябр бо ташаббуси ҷониби Арманистон Юрий Хачатуров, дабири кулли СПАД аз ин мақом барканор шуд. Мақомоти Арманистон Хачатуровро дар талоши барҳам додани сохти конситутсионии ин кишвар дар соли 2008 айбдор мекунанд. Мақомоти Арманистон мегӯянд, ки ин кишвар ҳақи таъини номзади худ ба мақоми раҳбари давраии СПАД-ро ҳифз мекунад.
Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки бо ташаббуси Русия амал мекунад, як ташкилоти низомию сиёсӣ буда, ба узвияти он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд. Паймони амнияти дастҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд имзо шуда, соли 2002 ба Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ тағйири ном кард.
Баъди барканор шудани Хачатуров аз мақоми дабири кулли СПАД дар ду моҳи пеш, сомонаи расмии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯзи 2-юми ноябр навишт, ҳоло ин масъулиятро Валерий Семериков бар уҳда дорад.
Хачатуров дар Арманистон ба пароканда кардани тазоҳуроти моҳи марти соли 2008 алайҳи натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ки ба кушта шудани даҳ нафар сабаб шуд, муттаҳам аст. Ӯ он замон муовини вазири дифои Арманистон буд.
Додгоҳи шаҳри Ереван моҳи июли имсол қарори боздошти Юрий Хачатуровро содир кард. Вале ӯ бо пардохти 5 миллион драм, муодили тақрибан даҳ ҳазор доллар замонат дар озодӣ буд.