Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳури Ғафур Раҳимов боксро аз Олимпиадаи 2020 хориҷ мекунад


Ғафур Раҳимов
Ғафур Раҳимов

Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) рӯзи 30-юми ноябр дар шаҳри Токио қарор кард, ки бокс аз рӯйхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 муваққатан шавад.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки соҳибкори узбек Ғафур Раҳимовро ҳудудан як моҳ пеш президенти Анҷумани байналмилалии бокс (AIBA) интихоб карданд. Номи Раҳимов дар рӯйхати таҳримшудаҳои Вазорати молияи Амрико қарор дорад.

Дар ҳоли ҳозир, КБО зидди Анҷумани байналмилалии бокс тафтишотро оғоз карда, тасмими ниҳоӣ пас аз эълони натоиҷи он гирифта хоҳад шуд. Як гуруҳ аз Кумитаи иҷроияи КБО ба раҳбарии Ненад Лалович фаъолияти AIBA-ро месанҷанд.

Ба гуфтаи нозирони мустақил, эҳтимол AIBA аз узвияти КБО хориҷ шуда, бокс мақоми олимпии худро аз даст диҳад.

Вазорати молияи ИМА номи Раҳимовро ба далели иртиботи ӯ бо “мафияи фаромиллӣ” ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил кардааст. Раҳимов дар замони раҳбарии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов таҳти пайгарди қонун қарор дошт. Вале бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев номи ӯ аз рӯйхати ҷустуҷӯшавандаҳо берун карда шуд.

XS
SM
MD
LG