Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 1 январ "визаи хуруҷ" дар Узбекистон бекор хоҳад шуд


Узбекистон аз 1 январи соли 2019 "визаи хуруҷ"-ро, ки даҳсолаҳо боз монеи ҳаракати озоди шаҳрвандон буд, бекор мекунанд. Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба вазорати корҳои дохилии он кишвар навиштанд, ки дар шуруъ аз соли нав шиносномаҳои хориҷии 10-сола нашр мешавад.

"Визаи хуруҷ" дар шиносномаи дохилии шаҳрвандони Узбекистон гузошта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ин ҳуҷҷат ҳам шиносномаи дохилӣ ва ҳам хориҷӣ эътироф мешавад. Визаи хуруҷ, барои берун рафтан аз кишвар, ба муҳлати ду сол дода мешавад. ​

Шиносномаҳои биометрие, ки соли 2011 ба муомила ворид шуданд, то соли 2021 амал мекунанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо таҷрибаи визаи хуруҷии Узбекистонро танқид кардааст.

XS
SM
MD
LG