Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди муҳоҷирони тоҷик аз амалкарди S7. ВИДЕО


Фурудгоҳи Толмачево дар Новосибирск
Фурудгоҳи Толмачево дар Новосибирск

Яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ бо ирсоли видеое аз шеваи муносибати ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines ва Сибирские Авиалинии танқид кардааст.

Мусофири ҳавопаймои рақами 3291, ки аз шаҳри Новосибирск ба Хуҷанд парвоз меунад, ба Радиои Озодӣ навишт, ки рӯзи 29-уми ноябр парвозро бе ҳеҷ эълони пешакӣ як соат ба таъхир андохтанд ва сипас аз мусофирон хостанд, то назди ҳавопаймо пиёда бираванд.

Интиқоди муҳоҷирони тоҷик аз амалкарди S7
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

Дар ин видео, ки аз дохили фурудгоҳ ба навор гирифта шудааст, дида мешавад, ки чӣ гуна мусофирон бо кӯдакон ва бор дар даст зери барф ба самти ҳавопаймое мешитобанд, ки дур аз толор ҷойгир аст.

Муаллифи видео, ки ҳодисаро бо забони русӣ тасвир мекунад, мегӯяд, рафтори ширкати S7 беэътиноӣ ва беэҳтиромии ошкор ба муҳоҷирони тоҷик аст. Қарор буд, ҳавопаймо соати 13:45 парвоз кунад, аммо ба сабабҳои номаълум як соат дертар парвоз кардааст.

Шумо ҳам агар видеои ҷолиб ва ё хабаре доштед, метавонед ба мо бифристед ва аз тариқи Вайбер, ИМО, Телеграм ва ё Вотсапп. Шумораи моро дар телефони худ ҳифз кунед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG