Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои фиреби хешовандони зиндониён 9 сол зиндонӣ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Хуҷанд як сокини Суғдро, ки худро корманди пулис муаррифӣ намуда, аз наздикони чаҳор маҳбус ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ гирифтааст, барои 9 сол паси панҷара фиристод.

Дилшод Тошмуҳаммадов, сокини 32-солаи Хуҷанд, ки ҷое кор намекард, ба “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” гунаҳкор дониста шуд.

Ба гфтаи додгоҳ, Дилшод Тошмуҳаммадов худро ба сокинон “корманди шуъбаи амнияти раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд” муаррифӣ карда ва ба қаллобиву фиреб машғул будааст.

Ба иттилои додгоҳ, ӯ моҳи марти имсол аз як нафар бо ваъдаи озод кардани бародараш як мошинеро гирифтааст. Ҳамин тавр, ба иттилои додгоҳ, ин “пулиси сохта” дар солҳои 2016 – 2017 аз ду сокини дигар, Зокирҷон Юнусов, Муқаддас Баҳридинова бо ваъдаҳои аз маҳбас озод кардани падар ва писари онҳо мутаносибан 5300 доллар ва ҳудуди 45 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Як сокини дигари вилоят Аҳрорхоҷа Урунхоҷаев низ моҳи сентябри соли 2017 ба доми фиреби Дилшод Тошмуҳаммадов афтода, 26 ҳазор сомонӣ зиён дидааст. Додгоҳ Дилшод Тошмуҳаммадовро барои ин ҷиноятҳо 9 сол паси панҷара фиристод ва амр дод, ки 150 ҳазор сомонии ҷабрдидаҳоро баргардонад.

XS
SM
MD
LG