Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти G20 дар Аргентина: "ҷангҳои тиҷоратӣ" дар маркази гуфтугӯ


Доналд Трамп ва Сӣ Ҷинпин
Доналд Трамп ва Сӣ Ҷинпин

Рӯзи 30 ноябр дар Аргентина саммити "Бистгонаи бузург" - бист иқтисоди пешрафти дунё оғоз мешавад. Нишаст ду рӯз идома мекунад.

Мавзӯи расмии чунин ҷамъомадаҳо баррасии вазъи иқтисоди ҷаҳон аст. Аммо интизор меравад, ки дар мулоқотҳои дуҷонибаи ҷаласаи феълӣ як идда масъалаҳои сиёсӣ, ба монанди авзо дар атрофи гулӯгоҳи Керч, баъди тасарруфи киштиҳо ва маллоҳони украинӣ аз тарафи Русия, дар миён хоҳад буд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфтааст, ки инро дар мулоқот бо Владимир Путин баррасӣ мекунад.

Масъалаи дигар, ки метавонад матраҳ шавад, куштори журналист Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамул аст. Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, ки ба даст доштан дар ташкили ин куштор гумонбар мешавад, дар саммити G20 иштирок мекунад. Ин масъаларо президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар мулоқот бо шоҳзода Муҳаммад бин Салмон бетардорад.

Дар ҳошияи нишаст мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо нахуствазири Япония Синдзо Абэ барномарезӣ шудааст. Қаблан Путин ишора кард, ки Русия бозгашт ба эъломияи Шӯравӣ/Япония аз соли 1956-ро соқит намекунад. Бар пояи он созиш давлати Шӯравӣ барои боз додани аз чаҳор ду ҷазираи Курил изоҳри омодагӣ карда буд.

Аммо таваҷҷуҳи аслӣ ба мулоқоти президенти ИМА Доналд Трамп ва раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин аст. Ин ду раҳбар ҳангоми наҳор "ҷанги тиҷоратӣ"-и байни ИМА ва Чин ва чораҳои беҳтар шудани вазъро баҳс мекунанд.

Дар баррасиҳои умуми нишаст масъалаи вазъи иқтисоди ҷаҳон, аз байни бурдани шикофи байни дорову нодорҳо ва таъғири иқлим дар миён хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG