Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

BBC: Муфаттиши кушташуда "парвандаи чиптаҳо"-ро таҳқиқ мекард


Муфаттиши Вазорати корҳои дохилии Русия Евгения Шишкина, ки моҳи гузашта дар Маскав кушта шуд, парвандаи тақаллубии билетҳои қатори Роҳи оҳани Русияро таҳқиқ мекард. Дар ин бора рӯзи 28-уми ноябр Би-би-сӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ин расона, бинобар мавқеи қотеи Шишкина шаст мавриди ҷиноят дар минтақаҳои мухталифи Русия дар як парванда ҷамъоварӣ шуд. Ин ҳолат ба тафтишот иҷозат медиҳад, ки барои ҷинояти дастҷамъона ҷазои сангин талаб кунад.

Бар пояи далелҳое, ки Евгения Шишкина ошкор кард, ҷинояткорон сохтори электронии хадамоти фурӯши билетҳоро шикаста, қимматарин билетҳоро мехариданд ва баъдан онҳоро ба кассаи истгоҳҳои роҳи оҳан месупурданд.

Хисороти умумии 31 ширкат беш аз 17 миллион рубл ҳисоб шудааст. Чанд ҳафта баъди куштори Шишкина мурофиаи се гумонбари қазия: барномсоз Кирилл Калабухов, Андрей Жданов ва Максим Матюшев оғоз шуд.

Евгения Шишкина аз охири соли гузашта таҳдид дарёфт мекард. Дар онҳо аз муфаттиш талаб мешуд, ки тафтишоти қазияи "чиптаҳо"-ро қатъ ва боздоштшудаҳоро озод кунад. Дар ин бора писари муфаттиш хабар дод. Он замон Шишкина аз ҳакер Максим Матюшев гумонбар шуд, ки ҳоло аз ҷавобгарҳои аслии парванда аст.

Аммо Алексей Карабанов, вакили Шишкина мегӯяд, муаллифи таҳдидҳо Ярослав Сумбаев аст, ки дар ҳоли фирор қарор дошт. Моҳи ноябр ӯро дар Тбилиси боздошт карданд ва бояд истирдод шавад. Сумбаев ҳамлаҳои ҳакериро эътироф мекунад, аммо мегӯяд дар куштори муфаттиш даст надорад. Ӯ аз Гурҷистон паноҳгоҳи сиёсӣ хостааст.

Рӯзи 10-уми октябр Олег Шишкин, ҳамсари муфаттиш Евгения Шишкина, ӯро бо захмҳои сангин дар наздикии маҳалли зисташон пайдо кард. Муфаттиш то расидани мошини "Ёрии таъҷилӣ" вафот кард. Аз даҳҳо дурбини назоратии атроф танҳо яке кор мекард. Ин дурбин гумонбари ҳамларо сабт кардааст, ки аз ҷойи ҳодиса фирор мекард. Ин мард шими ҷинс, болопӯш ва дар чеҳрааш маскаи беҳдоштӣ пӯшида буд.

Пештар аз ин нашрияи "Новая Газета" навишт, ки куштори Евгения Шишкина ба фасод дар фурӯши электронии билети роҳи оҳан рабт дорад. Ба навиштаи "Коммерсант" Шишкина ҳамчунин бо парвандаи тақаллуби ҷоизапулии "Аэрофлот" машғул буд.

Рӯзи 28-уми ноябр Кумитаи тафтишоти Русия эълон кард, ки куштори Евгения Шишкина бо ҷанбаи "эҷоди монеа барои пешбурди фаъолияти ҳирфаӣ" анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG