Сомонаи Sporting Intelligence ҳаҷми маоши миёнаи футболбозонро дар саросари ҷаҳон дар соли 2018 нашр кард.
Аз ҳама маоши баланд футболбозони лигаи олии Англия мегиранд. Ҳаҷми маоши миёнаи солонаи онҳо 3,93 миллион доллар аст.
Ба сегонаи аз маошҳои баланд лигаи Испания (2,89 миллион доллар) ва Силсилаи А-и Италия (1,99 миллион доллар) низ шомил шуданд. Лигаи олии Қазоқистон дар ин раддабандӣ мақоми 25-умро ишғол кард, ки ҳар як бозигари он солона ба ҳисоби миёна 148 ҳазор доллар маош мегирад.
Бинобар ин, нишондиҳандаҳои чемпионати Қазоқистон аз нишондодҳои Куриёи Ҷанубӣ, Лаҳистон, Австралия ва Хорватия баландтар аст. Узбекистон шомили раддабандии мазкур нашудааст.
10 кишваре, ки бозигарони лигаҳои олияшон аз ҳама маоши баланд мегиранд:
Англия – $3,93 млн;
Испания – $2,89 млн;
Италия – $1,99 млн;
Олмон – $1,83 млн;
Фаронса – $1,3 млн;
Чин – $1,05 млн;
Русия – $877 ҳазор;
Туркия – $864 ҳазор;
Бразилия – $670 ҳазор;
Канада – $519 ҳазор.