Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия "ҳамлаи кимиёвӣ" дар Ҳалабро таҳқиқ мекунад


Муолиҷаи як ҷавон дар шаҳри Ҳалаб
Муолиҷаи як ҷавон дар шаҳри Ҳалаб

Мақомоти Русия баъди гузоришҳо дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурия, мутахассисони низомиро барои таҳқиқ ба онҷо фиристодаандд. Игор Конашенков, сухангӯи вазорати дифои Русия рӯзи 25-уми ноябр гуфт, мутахассисони воҳиди муҳофизат аз ҷангафзорҳои атомӣ, кимиёвӣ ва биологӣ ба маҳалле ба шаҳри Ҳалаб рафтанд, ки даҳҳо нафар баъди шилллик аз тӯпхона мушкили нафасгирӣ ва биноӣ пайдо кардаанд.

Аз ин пеш телевизиони давлатии Сурия навори табибонеро нишон дод, ки афроди осебдида аз ҳамлаи кимиёвиро муолиҷа мекарданд. Ба гуфтаи Игор Конашенков, мутахассисони кишвараш ба осебдидагон дар шифохонаҳо кӯмак мерасонанд ва маҳаллеро назорат мекунанд, ки онҷо ифротгароён маводи заҳрогин ба кор бурдаанд.

Ба қавли намояндаи Русия, бино ба арзёбиҳои пешакӣ дар ин маҳалла дар шаҳри Ҳалаб моддаи кушандаи хлорин истифода шудааст. Як созмони нозири ҳуқуқи инсон дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, гуфтааст, бӯи хлор дар фазои шаҳри Ҳалаб дар ррӯзи 24-уми ноябр эҳсос мешуд. Раҳбарони ошӯбгарон дар Сурия иддаоҳо дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёвиро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG