Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон пойгоҳҳои низомӣ ва киштиҳои Амрикоро таҳдид кард


Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми ноябр гуфтааст, пойгоҳҳои Амрико дар Афғонистон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар ва ҳамчунин киштиҳои ҳавопаймобари ин кишвар дар Халиҷи Форс ва баҳри Уммон дар тирраси мушакҳои Эрон қарор доранд.

Мақомҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ва Фаронса барномаи мушакии Эронро таҳдиде барои суботи минтақа медонанд.

Ба гузориши хабаргузории нимарасмии "Тасним", фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорон гуфтааст, "пойгоҳҳои "Ал-Удайд ва "Ал-Зафра" камтар аз 300 километр ва пойгоҳи Қандаҳор 400 километр аз мо дур мебошанд. Ин пойгоҳҳо гӯшти зери дандони мо ҳастанд ва агар биҷунбанд, онҳоро мезанем."

Оқои Ҳоҷизода дар идома гуфтааст, "вазъ дар баҳр ҳам ҳамин тавр ҳаст. Имрӯз мушакҳое баҳрие дар ихтиёр дорем, ки то 700 километр парвоз мекунад ва қобили истифода дар баҳри Уммон аст."

Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорон.
Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорон.

Ин изҳороти фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорон дар ҳоле садо медиҳад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амикро бо хуруҷ аз созиши ҳастаӣ бо Эрон, дастури бозгашти тамоми таҳримҳои бекоршуда алайҳи Теҳронро содир кард ва ҳафтаи гузашта низ таҳримҳои нафтӣ ба ҳолати иҷро даромад.

Дар ҳамин росто, Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико ҳафтаи гузашта гуфт, ки ИМА фишор ба Эронро он қадар афзоиш хоҳад дод, "то ширааш кашида шавад". Ҷон Болтон афзуд, "фикр мекунам ҳукумати Эрон таҳти фишорҳои воқеӣ қарор гирифтааст ва қасду нияти мо ин аст, ки ин фишорҳоро бештар кунем".

Мақомҳои амрикоӣ қаблан гуфта буданд, ки ҳадафи бозгашти таҳримҳои Амрико, ба сифр расонидани содироти нафти Эрон аст. Ин дар ҳоле аст, ки пештар мақомоти Эрон чандин бор таҳдид кардаанд, ки агар Эрон натавонад ба содироти нафти худ идома диҳад, дигар кишварҳо ҳам имкони содир кардани нафти худро нахоҳанд дошт.

Пас аз ин суханон ва таҳдидҳои дигари мақомоти Ҷумҳурии исломӣ, Ҷон Ричандсон, фармондеҳи амалиётии нерӯҳои баҳрии Амрико ба Эрон ҳушдор дод, ки ИМА бо истифода аз зӯр ҳам, ки бошад, озодии рафтуомади киштиҳо дар тангии Ҳурмузро ҳифз мекунад.

Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони Эрон дар қисмати дигаре аз мусоҳибаи худ гуфтааст, ки Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ аз Сипоҳ хостааст, то ҳадафрас будани мушакҳоро дақиқтар кунанд. Ин мақоми Сипоҳ ҳамчунин афзудааст, "раҳбари Ҷумҳурии исломӣ гуфтааст, ки "мушакҳо набояд ба ғайринизомиён бихӯрад".

Мақомҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ва Фаронса барномаи мушакии Эронро таҳдиде барои суботи минтақа медонанд. Доналд Трамп низ, ки Амрикоро аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ кардааст, дар садади даст ёфтан бо созиши наве аст, ки барномаи мушакии Теҳрон ҳам шомили он бошад. Теҳрон аммо ҳамеша ин дархостҳоро рад карда ва таъкид доштааст, ки барномаи мушакии Ҷумҳурии исломӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили музокира нест.

XS
SM
MD
LG