Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рейтерз": Талоши шуморе аз аъзои хонадони салтанатӣ барои пешгирӣ аз подшоҳии Муҳаммад бин Салмон


Се манбаи наздик ба дарбори подшоҳии Арабистони Саудӣ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, ба дунболи интиқодҳои байналмилалӣ аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати он кишвар, шуморе аз аъзои хонадони салтанатӣ дар талош ҳастанд то монеи подшоҳии валиаҳд Муҳаммад бин Салмон бишаванд.

Гуфта мешавад, ки Аҳмад бин Абдулазиз яке аз танҳо се нафаре аст, ки дар нишасти Шӯрои "Ҳайати байъат" бо валиаҳд шудани Муҳаммад бин Салмон мухолифат кардааст.

Ин манбаъҳо гуфтаанд, даҳҳо тан аз аъзои бонуфузи хонадони салтанатии Оли Саъуд дар пайи тағйир ва ҷонишинии Малик Салмони 82-сола ҳастанд. Аммо то вақте, ки ӯ дар қайди ҳаёт аст, даст ба ин кор нахоҳанд зад. Ба гуфтаи ин манбаъҳо, аммо баъид ба назар мерасад, ки Малик Салмон писари маҳбуби худ Муҳаммад бин Салмонро аз мақомаш барканор кунад.

Аҳмад бин Абдулазиз -- подшоҳи ояндаи Арабистони Саудӣ?

Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз ин манбаъҳо, ин аъзои хонаводаи салтанатӣ дар ҳоли баҳсу баррасии ҷойнишинии эҳтимолии Аҳмад бин Абдулазиз, бародари хурдии Малик Салмон ва амаки Муҳаммад бин Салмон ҳастанд. Аҳмад бин Абдулазиз танҳо бародари Малик Салмон аст, ки аз ҳимояти аъзои хонадони салтанатӣ, нерӯҳои амниятӣ ва кишварҳои ғарбӣ бархӯрдор аст.

Шоҳзода Аҳмад бин Абдулазиз пас аз як сафари дувуниммоҳа ба хориҷ аз кишвар, дар моҳи октябр ба Риёз бозгашт. Дар тӯли ин сафар ӯ дар Лондон дар вокуниш ба як тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи хонадони салтанатии Арабистони Саудӣ, зоҳиран аз раҳбарияти ин кишвар интиқод кард.

Гуфта мешавад, ки Аҳмад бин Абдулазиз яке аз танҳо се нафаре аст, ки дар нишасти Шӯрои "Ҳайати байъат" бо валиаҳд шудани Муҳаммад бин Салмон мухолифат кардааст. Манбаъҳои огоҳ дар Арабистони Саудӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки мақомҳои баландпояи амрикоӣ дар музокироти худ бо мақомҳои Арабистони Саудӣ дар ҳафтаҳои ахир ба таври зимнӣ аз шоҳзода Аҳмад бин Абдулазиз ҳимоят кардаанд.

Ин манбаъҳо гуфтаанд, Аҳмад бин Абдулазиз барномаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиеро, ки Муҳаммад бин Салмон оғоз карда буд, идома хоҳад дод ва ба қарордодҳои низомӣ даст намезанад ва ваҳдати аъзои хонаводаи салтанатиро боз хоҳад гардонд.

Ҳама ишораҳо ба сӯи Муҳаммад бин Салмон

Вашингтон пост" - рӯзноме, ки Ҷамол Хошуқҷӣ барои он мақола менавишт, рӯзи ҷумъа дар гузорише иддао кард, ки Созмони истихбороти марказии Амрико ё CIA ба ин натиҷа расидааст, ки дастури қатли Ҷамол Хошуқҷиро Муҳаммад бин Салмон содир кардааст. Доналд Трамп рӯзи 18-уми ноябр гуфт, ки то ду рӯзи оянда гузориши муфассале дар ин бора ироа хоҳад кард.

Ҳукумати Туркия ба таври ошкор номе аз Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар робита ба қатли Ҷамол Хошуқҷӣ набурда ва танҳо гуфтааст, ки тасмими ин қатл дар "сатҳи болоии ҳукумати Саудӣ" гирифта шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки шуморе аз аъзои Конгресси Амрико ва ҳамчунин бисёре аз таҳлилгарон дар расонаҳои байналмилалӣ ба ин бовар ҳастанд, ки Муҳаммад бини Салмон дастури ин қатлро додааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳимояти Доналд Трамп аз ҳукумати Арабистони Саудӣ ва ба хусус валиаҳд Муҳаммад бин Салмон, ба интиқодҳое дар Конгресси Амрико рӯбарӯ шудааст. Сенатор Линдсей Граҳам, ки аз наздикони Трамп дар Конгресс ба шумор меравад, рӯзи якшанбе гуфт, дар робитаи Амрико ва Арабистони Саудӣ, Муҳаммад бин Салмон нақше вайронгар дошт.

Оқои Граҳам ба шабакаи хабарии NBC гуфт, "нафрат дорад, ки инро мегӯям, чун умеди зиёде ба ӯ барои анҷоми ислоҳоти мавриди ниёз дар Арабистони Саудӣ баста будем". Вале то ҷое, ки Граҳам хабар дод, "он киштӣ ғарқ шуд."

Хошуқҷӣ чӣ гуна нопадид шуд?

Ҷамол Хошуқҷӣ.
Ҷамол Хошуқҷӣ.

Ҷамол Хошуқҷӣ, ки рӯзи 2-юми октябр ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул барои дарёфти санадҳо издивоҷ рафта буд, нопадид шуд. Арабистони Саудӣ то ду ҳафтаи пас аз ин ҳодиса, аз он бехабарӣ мекард.

Аммо баъдан ривояти худро тағйир дод ва ибтидо иддао кард, ки вай дар як "даргирӣ бо мушт" дар дохили консулгарӣ кушта шуд. Сипас таъйид кард, ки қатли ӯ "қасдан" сурат гирифтааст.

Ва ахиран додситонии кулли ин кишвар гуфт, ки ҷасади Хошуқҷӣ пора-пора карда шудааст. То ба ҳол сарнавишти ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ маълум нест. Арабистони Саудӣ дар робита ба ин ҳодиса 21 нафарро боздошт кардааст. Додситонии он кишвар ахиран барои 5 нафари онҳо ҳукми қатл талаб кард.

XS
SM
MD
LG