Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Калашников" дар муқобили ... гургу хук. Боздошти чӯпоне барои нигаҳдошти силоҳ


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як чӯпонро дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ) барои нигоҳдошти ғайриқонунии автомати “Клашников” боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони полис сокини деҳаи Дилолои ноҳияи Мӯъминобод - Бобохон Назарови 51-соларо, ки дар мавзеъҳои Сурхдараи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба нигоҳубини гӯсфанд машғул буд, дар нигаҳдошти автомати “Калашников” муттаҳам карданд. Назаров боздошт шуда, барои “ғайриқонунӣ соҳиб шудан” ба силоҳ гумонбар мешавад.

Ба гуфати манбаи Радиои Озодӣ дар ВКД Тоҷикистон, силоҳ аз хаймаи чӯпон пайдо ва мусодира шудааст. Вале худи Назаров дар баёноти аввалияти баъди боздошташ гуфтааст, ки “ин автоматро барои муҳофизати худу рамааш гирифтааст”. Ӯ гуфтааст, ки “автомат аз камон дида хубтар аст”. Ҳоло тафтишот бояд муайян кунад, ки бо чӣ роҳ ин силоҳ ба дасти чӯпон афтод.

Мақомоти интизомӣ дар чануби Тоҷикистон мегӯянд, ки дар чанд соли гузашта даҳҳо чӯпонеро боздошт кардаанд, ки бидуни иҷоза камонро нигаҳдорӣ мекарданд. Онҳо баъди пардохти ҷарима озод шудаанд, аммо ин бори аввал аст, ки як чӯпон мегӯяд, ки барои муҳофизати худу гусфандонаш автомат гирифтааст.

Дар ҳоле, ки худи Назаров дар боздошт аст, наздиконаш мегӯянд, ки силоҳро ба ӯ як шиносаш додааст.

Каримхон Назаров, бародари Бобохон Назаров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хонаводаи онҳо аз хурдӣ ҳама чӯпону даҳмарда буданд, вале дар умрашон фикр намекарданд, ки рӯзе яке аз аъзои оилаашон бу чурми нигоҳ доштани автомат боздошт мешавад. Назаров гуфт, ки бо бародараш мулоқот дошт ва ба ӯ Бобохон гуфтааст, ки ин автомат аз як чӯпони ҳамроҳаш аст. Ӯ мегӯяд, ки автоматро на барои кори дигар, балки барои муҳофизат аз гургу хук дар куҳистон гирифтааст.

“Пурсидемаш, ки чаро ва инро аз куҷо гирифтаӣ? Дар посух гуфт, ки ин аз як ҳамроҳаш буд. Ӯ барои муҳофизати худ ва гӯсфандонаш аз гургу хук гирифтааст. Камон ҳам дошт ва батакрор мегӯяд, ки аз як ҳамроҳаш аст, аммо худаш танҳо боздошт шудааст, чунки аз хаймаи ҳамин ёфта гирифтанд.

Камон ҳам дошт, лекин дигар нафаҳмидем ва ҳамроҳашам набудем, ки чӣ гуна овардааст ва чӣ хел ӯро боздошт карданд?”,--гуфт мусоҳиби мо.

Дар сурати исботи нигаҳдошти ғайриқонуни автомат, ба Бобохон Назаров аз се то ҳафт соли зиндон таҳдид мекунад. Хонаводаи Назаровҳо мегӯянд, ки онҳо умед доранд, ки мақомот иштибоҳи кардани ӯро мебахшанд ва раҳояш мекунанд. Ба гуфтаи наздикони Бобохон Назаров, ӯ ҳафт фарзанд дошта, зиндагиаш аз ҳисоби нигоҳубини гусфандони мардум мегузарад.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди ҷазо ба мардони "сабукпо" қабул нашуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00
XS
SM
MD
LG