Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ аз озмоиши силоҳи нав хабар дод


Ким Чен Ин озмоиши мушакро тамошо мекунад
Ким Чен Ин озмоиши мушакро тамошо мекунад

Ким Чен Ин, роҳбари Кореяи Шимолӣ дар озмоиши "силоҳи нави тактикии дорои технологияи олӣ" иштирок кард. Дар ин бора рӯзи ҷумъа хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ СТАК иттилоъ дод. Гуфта мешавад, озмоиш бобарор будааст.

Хабаргузорӣ дақиқан иттилоъ надод, ки кадом навъи силоҳ озмоиш шуд. Телевизионҳои Кореяи Шимолӣ гуфтанд, ин силоҳ ҳанӯз дар замони роҳбари пешин Ким Чен Ир сохта шуда ва бояд "тавони низомии артиши кишварро ба маротиб боло барад".

Бори охир расонаҳои Кореяи Шимолӣ аз ширкати роҳбари ин кишвар дар ҷараёни озмоиши силоҳҳо моҳи ноябри соли гузашта хабар дода буданд. Он замон мушаки байниқоравии болдори "Хвасон-15"-ро озмоиш доданд.

12 июни соли ҷорӣ дар Сингапур Доланд Трамп, президенти ИМА бо роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин мулоқот кард. Дар поёни мулоқот ду роҳбар санади муштаракеро имзо карданд, ки бар асоси он Пхенян уҳдадор шуд, дар посух ба кафолати амният аз сӯи Вашингтон ва лағви таҳримҳои иқтисодӣ нимҷазираи Кореяро аз силоҳи ҳастаӣ пок кунад. Пехнян ҳамчунин ба Вашингтон ваъда дод, полигонеро маҳв кунад, ки мушаки "Хвасон-15" онҷо озмоиш шуда буд. Аммо як моҳ баъд дар расонаҳо иттилоъ нашр шуд, ки Кореяи Шимолӣ аз тасмимҳояш дар бораи сохтани мушакҳои нави байниқоравӣ даст намекашад.

Ахиран таҳлилгарони амрикоӣ гуфтанд, ки ин кишвар наздики 20 пойгоҳи мушакӣ дорад, ки Пхенян мехост, онҳоро аз чашми нозирони байналхалқӣ махфӣ нигаҳ дорад. Коршиносон тавонистанд, макони ҷойгиршавии 13 пойгоҳро ошкор кунанд.

XS
SM
MD
LG