Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ду фурӯшандаи арзи хориҷиро эъдом кард


Ҷадвали табодули арз дар Эрон
Ҷадвали табодули арз дар Эрон

Дар пасманзари мушкилоти иқтисодӣ, ки бо таҳримоҳи ИМА шиддат гирифтааст, Эрон ду муомилагари арзро бо ҷурми ҷиноятҳои иқтисодӣ эъдом кард.

Шабакаи телевизиони давлатии Эрон гуфт, Воҳид Мазлумӣ, ки раиси пулиси Теҳрон аз ӯ "Султони сикка" ном мебарад ва шарики эҳтимолии ӯ Муҳаммад Исмоил Қосимӣ субҳи 14 ноябр ба дор кашида шуданд. Додгоҳ онҳоро моҳи сентябр барои гӯё дасткории нархи арз ва "паҳн кардани фасод дар курраи замин" муҷрим эълон кард.

Ин амал бахше аз талошҳои ҳукумати Эрон барои мубориза бо буҳрони иқтисодӣ ва ҷилавгирӣ аз хилофкориҳои молӣ номбар мешавад. Моҳи август бо дастури Раҳбари Олии Эрон Оятулло Алӣ Хоманеӣ дар ин кишвар додгоҳи махсус таъсис ёфт, ки ҷиноятҳои иқтисодиро ҳадаф қарор медиҳад.

Додгоҳ то ҳол дастикам ҳафт ҳукми эъдом содир кард, ки аксари онҳо аз тариқи телевизион пахш шуданд.

Воҳид Мазлумии 58-сола моҳи август барои нигаҳдории ду тона сиккаи тилло боздошт шуд. Вакилони ӯ мегӯянд, ки бонки марказӣ барои нигаҳдории миқдори тангаи тилло маҳдудият ҷорӣ накардааст. Мазлумӣ ва шарики ӯ Қосимӣ дар заминаи ба гуфтаи мақомот хисорот ба иқтисод, бо роҳи эҷоди шабакаи фурӯши ғариқонунии тилло, айбдор шуданд.

Созмони Милали Муттаҳид, ҳукуматҳои Ғарбӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар аз афзоиши теъдоди ҳукмҳои эъдом, шиканҷа ва қонуншиканиҳои дигар, бо шумули масоили марбут ба озодиҳои динӣ, ҳуқуқи занон ва эътирозҳои иқтисодӣ дар Эрон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар баробари коҳиши башиддати пули миллии Эрон бисёр эрониҳо дороиҳои худро дар шакли сиккаи тилло ва арзи хориҷӣ нигаҳ медоранд.

XS
SM
MD
LG