Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина: "Масъалаи истирдоди Ҳалимов ба Тоҷикистон матраҳ нест"


Мақомоти Украина гуфтанд, масъалаи истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Муродалӣ Ҳалимов, маъруф бо лақаби "Босс", ки аз ӯ яке аз хатарноктарин ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" ном мебаранд, ба Душанбе матраҳ нест. Онҳо гуфтанд, ҳамчунин дар бораи амалҳои ҷиноии Ҳалимов дар қаламрави Украина ҳеҷ маълумот нагирифтаанд. Дар ин бора Додситонии кулли Укриана рӯзи 14-уми ноябр дар посухи расмӣ ба Радиои Озодӣ хабар дод. Масъулони ин ниҳод гуфтанд, "дар ҳоли ҳозир нисбат ба истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Муродалӣ Ҳалимов қарор қабул карда нашудааст."

Аз хонаводаи Ҳалимовҳо дар маҳаллаи Шайнаки Чинори ҷамоати Навободи Рӯдакӣ 14 нафар ба узвият ва ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳам мешаванд.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи августи соли 2016 аз Украина хоста буд, ки Муродалӣ Ҳалимовро ба Душанбе таслим кунад. Ҳалимов дар Тоҷикистон ба “зархаридӣ”, “терроризм”, “узвият дар гурӯҳи мамнӯи Салафия” ва “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” муттаҳам аст. Ӯ ду соли қабл дар Украина боздошт шуд.

Манобеъ: Ҳалимовро раҳо кардаанд

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, Украина яке аз хатарноктарин тоҷики узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро, ки ду соли пеш бо дархости "Интерпол" боздошт карда буд, раҳо кардааст. Ба гуфтаи мақомот, хабарҳое рӯи даст аст, ки феълан ин мард дар ҳудуди ҷумҳурии худхондаи Донетск қарор дорад.

Муродалӣ Ҳалимов, сокини 37-солаи ҷамоати Навободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар олами ҷиноӣ бо тахаллуси "Босс" шинохта мешавад.

Як манбаи огоҳ аз парвандаи Муродалӣ Ҳалимов моҳи октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, тақрибан ду сол пеш ин мард дар фурудгоҳи Украина, ҳангоми бозгашт аз Туркия боздошт шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Роҳи Муродалӣ аз Рӯдакӣ ба Сурия ва сипас ба Донетск
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:08 0:00

Аз як хонавода - 14 муттаҳам

Ду манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари раҳоии ӯ аз боздошт дар Украинаро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ҳанӯз ҷониби Украина бо кадом далел раҳо кардани Муродалӣ Ҳалимовро тасдиқ накардааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, Муродалӣ ҳамроҳ бо ҳамсар ва се кӯдакаш соли 2014 ба Сурия рафта буд.

Аз хонаводаи Ҳалимовҳо дар маҳаллаи Шайнаки Чинори ҷамоати Навободи Рӯдакӣ 14 нафар ба узвият ва ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳам мешаванд. Аз ҷумла, бародари Муродалӣ, Маҳмадсаиди 34-сола ҳамроҳ бо ҳамсару се кӯдак, хоҳараш Дилором бо шавҳараш ва Гулшараф Саъдуллоева, модари 66-солааш ба Сурия рафтаанд.

Нурулло Ҳалимов, бародари 45-солаи Муродалӣ бо писари 19-солааш дар Туркия дар роҳ ба Сурия боздошт шуданд. Онҳоро ду соли пеш ба Тоҷикистон истирдод карданд ва падар 15 сол ва писар 12 сол зиндон шуданд.

Сайдулло ва Хушвахт Ҳалимовҳо, ду бародари дигари ин хонавода барои ҳамкори бо ДИИШ боздошт ва аз 15 то 17 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Танҳо аз ин хонавода ду нафар дар озодӣ қарор доранд.

Чӣ гуна аз Сурия то Украина расид?

Ҳоло мақомоти тоҷик бештар ба Муродалӣ Ҳалимов, узви ин хонавода таваҷҷӯҳ доранд, ки ба гуфтаи онҳо бо далели номаълум аз Сурия то Украина расид ва он ҷо пас аз боздошт раҳо шуд.

Мунира Салимзода
Мунира Салимзода

Мунира Салимзода, раиси ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз боздошти Муродалӣ аз мақомот хабардор шуданд, вале аз сарнавишти баъдии ӯ хабар надоранд. Ҳоло ӯ мегӯяд, сарнавишти ин хонавода як мисол барои таблиғ зидди тундгароӣ шудааст. Мисоле, ки ба гуфтаи ӯ хонаводеро паҳну парешон ва бадбахт кард.

Бештар аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон сар аз соли 2013 барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба созмони тундрави ДИИШ пайвастанд. Пас аз шикасти ДИИШ дар ин ду кишвар, бисёре аз аъзои ин гурӯҳ кушта ва боздошт шуданд. Бархе ҳам ба гуфтаи мақомот, ба мисли Муродалӣ тавонистанд, то кишварҳои сеюму чорум бирасанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG