Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рад шудани дархости Тоҷикистон барои истирдоди муттаҳам ба узвият дар ДИИШ аз Украина. ВИДЕО


Муродалӣ Ҳалимов.

Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки давлати Украина яке аз "хатарноктарин тоҷики узви гурӯҳи тундрави ДИИШ"-ро, ки ду соли пеш бо дархости "Интерпол" боздошт карда буд, раҳо кардааст.

Вакили дифои Муродалӣ Ҳалимов бо радди ин иддао мегӯяд, ӯ як мусалмонӣ оддӣ аст, ки аз таъқиб ба Украина паноҳ бурдааст ва ҳеҷ рабте ба гурӯҳҳои ифротгаро надорад.​

Муродалӣ Ҳалимов, сокини 37-солаи ҷамоати Навободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо тахалуси "Босс" низ мақомот аз ӯ ном мебаранд, бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноятӣ, "зархаридӣ", "терроризм", "узвият дар гурӯҳи мамнӯи Салафия" ва "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ", ҷустуҷӯ мешавад.

Вакили дифоъ ва худи ӯ ин парвандаҳоро бофта медонанд.

Як манбаи огоҳ аз парвандаи Муродалӣ Ҳалимов рӯзи 24-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мард моҳи ноябри соли 2016 дар фурудгоҳи Украина, ҳангоми бозгашт аз Туркия боздошт шуд. Мақомоти Украина ба дархости Тоҷикистон барои истирдоди ӯ ҷавоби рад доданд.

Олексей Скорбач, вакили дифои Муродалӣ Ҳалимов мегӯяд, барои он ҷавоби рад дода шуд, ки мақомоти Тоҷикистон далели кофӣ надошт ва ҳангоми пешниҳоди далел номи созмону соли гуё пайвастани Муродалӣ, ба гуруҳ, аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон иштибоҳ дошт.

Ду манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари раҳоии ӯ аз боздошт дар Украинаро тасдиқ карданд. "Тамоми далелу санад аз ҳузури ӯ дар Сурия ва ҷалби даҳҳо шаҳрванд ба Украина фиристода шуд, вале Украина ӯро ба Тоҷикистон надод"- гуфт, яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ.

Вакили дифояш мегӯяд, дар дархости Тоҷикистон ҳеҷ ҳарфе аз Сурия набуд. Танҳо мақомот гуё бар асоси шоҳидии як нафар ӯро узви гурӯҳи "Ансоруллоҳ" номидаанд, на ДИИШ.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, Муродалӣ ҳамроҳ бо ҳамсар ва се кӯдакаш соли 2014 ба Сурия рафтааст.

Роҳи Муродалӣ аз Рӯдакӣ то Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

14 узви оила – ҳамкори ДИИШ?

Аз хонаводаи Ҳалимовҳо дар маҳаллаи Шайнаки Чинори ҷамоати Навободи Рӯдакӣ, ба гуфтаи мақомот гуё 14 нафар ба узвият ва ҳамкорӣ ба ДИИШ талош кадаанд. Аз ҷумла, Додситонии кул дар як хабарномаи расмӣ гуфтааст, бародари Муродалӣ, Маҳмадсаиди 34-сола ҳамроҳ бо ҳамсару се кӯдак, хоҳараш Дилором бо шавҳараш ва Гулшараф Саъдуллоева, модари 66-солааш ба Сурия рафтаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, Нурулло Ҳалимов, бародари 45-солаи Муродалӣ бо писари 19-солааш дар Туркия, дар роҳ ба Сурия боздошт шуданд. Онҳоро ду соли пеш ба Тоҷикистон истирдод карданд ва падар 15 сол ва писар 12 сол зиндон шуданд. Сайдулло ва Хушвахт Ҳалимовҳо, ду бародари дигари ин хонавода барои ҳамкори бо ДИИШ боздошт ва аз 15 то 17 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Ҳукмҳое, ки пайвандонашон ноодилон мехонанд.

"Модарам ба ҷустуҷӯи фарзандонаш рафт"

Танҳо аз ин хонавода ду нафар дар озодӣ қарор доранд, ки ба гуфтаи мақомот, бо бародарони худ ҳамфикр набуданд.

Шариф Ҳалимов, бародари Муродалӣ.
Шариф Ҳалимов, бародари Муродалӣ.

Шариф Ҳалимов, бародари Муродалӣ авохири моҳи гузашта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Русия қарор дошт, ки гуфтанд, модараш ба Сурия рафтааст. Аммо ӯ гуфт, ки дақиқ намедонад, ки модараш дар куҷо қарор дорад.

Ба шунидаи ӯ, Гулшараф Саъдуллоева гуё барои баргардонидани бародараш ба Сурия сафар кардааст.

"Аз рафтанаш хабар надоштам. Баъдан, гуфтанд, ки вақте хабари марги бародарам Маҳмадсаидро мешунавад, хеста меравад. Ба хотири баргардонидани кӯдакони ӯ ва хоҳару дигар бародарам",-гуфт ӯ.

Шариф мегӯяд, хабари ба Сурия рафтани модарашро аз мақомот шунид ва боре ҳам дар ин се сол сӯҳбате бо ӯ надошт. Мақомот мегӯянд, модари ӯ дар Сурия бенишон шудааст. Ин мард мегӯяд, вақте аз Русия баргашт ва гуфтанд, ки нисфи хонаводааш ба Сурия рафтааст ва нисфи дигараш зиндонӣ шуд, зиндагӣ барояш сахттар гашт. Ҳоло ӯ худро "бекас" медонад.

Ӯ мегӯяд, умедвор аст, ки модараш саломат аст ва рӯзе назди онҳо бармегардад.

Ҳоло мақомоти тоҷик бештар ба Муродалӣ Ҳалимов, узви ин хонавода таваҷҷӯҳ доранд, ки ба гуфтаи онҳо бо далели номаълум аз Сурия то Украина расид ва он ҷо пас аз боздошт раҳо шуд.

Вакили дифои ӯ мегӯяд, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки Муродалӣ Ба Сурия рафта бошад, балки ӯ аз тарси таъқиб ва пас аз боздошти бародаронаш ба Украина паноҳ бурд.

"Як нафар, тамоми оиларо бадбахт кард"

Мунира Салимзода, раиси ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз боздошти Муродалӣ аз мақомот хабардор шуданд, вале аз сарнавишти баъдии ӯ хабар надоранд.

Мунира Салимзода, раиси ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ.
Мунира Салимзода, раиси ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ.

"Як узви оила вақте ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шуд, тамоми оиларо бадбахт кард. Мо инро ҳамеша мисол меорем. Занҳо бо фиреби шавҳаронашон дигар рафтанд ва гӯё модарашон вақте хабари марги писараш мерасад, модари келинаш сахташ мегирад, ки рафта духтарамро биёр. Барои ҳамин гӯё рафта, дигар барнагашт" - гуфт Мунира Салимзода.

Тоҷикистон наздики 2 ҳазор нафарро бо иттиҳоми тундгароӣ ва терроризм дар ҷустуҷӯ қарор додааст. Даҳҳо нафаре, ки таҳти пайгард қарор доштанд, аз Русия ва Туркия ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар аксар ҳолат Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризм мухолифон ва озодандешонро таҳти пайгард қарор медиҳад.

Аз ҷумла, Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ба Интерпол ҳушдор дода буд, ки мавриди истифодаи ҳукуматҳои худкома қарор нагирад. Стив Свердлов, пажӯҳишгари ин созмон дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, албатта мубориза бо терроризм муҳим аст, вале зери пардаи мубориза бо терроризм набояд дигарандешон таъқиб шаванд.

“Ҳар як давлат ҳақ дорад, амнияти худро таъмин кунад. Аммо таъмини амният набояд бо поймол шудани ҳуқуқи инсон сурат бигирад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои аврупоӣ мехоҳанд, паноҳандагӣ бигиранд, воқеан ҳам бояд исбот кунанд, ки онҳо ба хотири мавқеи сиёсӣ ва ақидаи диниашон мавриди пайгард қарор гирифтаанд. Дар ин робита ҳукумати Тоҷикистон бояд андеша кунад, ки чаро дархостҳояш иҷро намешаванд. Ба ҷойи гилаву исрор, масъулони Тоҷикистон бояд роҳи муколамаро бо ин афрод пеш бигиранд”-мегӯяд, ин ҳомии ҳуқуқ.

Дар ду соли ахир наздики ҳазор нафар дар Тоҷикистон бо иттиҳоми тундгароӣ равонаи зиндон шуданд. Бархе аз ин шаҳрвандон, танҳо ба хотири «лайк» ё «класс» мондан зери наворҳои ба гуфтаи мақомот, хусусияти тундгароӣ доштан равонаи зиндон шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (23)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG