Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи муҳоҷири тоҷик аз ёвари усто то соҳиби коргоҳ дар Амрико.ВИДЕО


Рӯзи кории Рустамҷон Ҳазратуллозода, як зодаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Омаҳаи Амрико ба сар мебарад, аз нишастан сари компютер ва назорати торнамоҳои музоядаи мошинҳо, оғоз мешавад.

"Соат 8:55. Ин вебсайти ауксион аст. Дар ин ҷо мошинҳои дучори садамашуда ва ҳам мошинҳои дурустро ба фурӯш мегузоранд. Имрӯз аз ин сомона як мошини борбари хурдро харидорӣ кардем. Қисмати пеши он задагӣ аст. Таъмир мекунему боз ба фурӯш мебарорем",-гуфт Рустамҷони Ҳазратуллозода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Бо вуҷуди кору зиндагӣ дар Амрико, Ҳазратуллозода мегӯяд, иртиботашро бо Тоҷикистон накандааст ва сари чанд ва ба волидону пайвандонаш кӯмакҳои молӣ мефиристонад.

Ин ҷавони тоҷик соли 2008-ум бо ҳадафи идомаи таҳсил ба Амрико омад. Пас аз хатми ду синфи болоии мактаб, шомили Донишгоҳи Темпл шуд. Аммо барои идомаи таҳсил маблағи кофӣ надошт ва дар ҷустуҷӯи кор шуд.

Ҷустуҷӯи кор ӯро ба шаҳри Омаҳа овард. Як сол дар мағозаи фурӯши телефонҳо кор кард. Баъдан ба ҳайси ёвари устои таъмири мошинҳо дар ин шаҳр ба кор пардохт. Акнун худ соҳиби коргоҳи таъмири мошинҳо аст ва 5 нафар коргар дорад.

"Дар як ҳафта чор-панҷ мошин таъмир мекунем. Мо муштариҳое дорем, ки мошинҳояшон ба садама дучор шудаанд, инҷо меоранд, мо онҳоро таъмир мекунем. Бар замми ин, аз ауксионҳо мошинҳоро мехарем, таъмир мекунем, мошинҳо аз санҷиш мегузаранд ва баъдан онҳоро дубора ба фурӯш мебарорем".

Роҳи муҳоҷири тоҷик аз ёвари усто то соҳиби коргоҳ дар Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Рустамҷон Ҳазратуллозода дар ҳоле соҳибкории худро пеш мебарад, ки президент Доналд Трамп бо кор таъмин кардани худи амрикоиҳоро дар авлавият қарор додаааст. Аммо Ҳазратуллозода мегӯяд, шароити кору пешбурди тиҷорат барои онҳое, ки қонунӣ дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ мушкилӣ надорад.

"Мо ҳуҷҷат дорем, қонунӣ дар ин ҷо кор мекунем, андозро ҳам сари вақт месупорем. Муштариёнамон аз корамон розӣ ҳастанд",-гуфт ӯ. Ин муҳоҷири тоҷик, ки 10 сол боз дар Амрико ба сар мебарад, мегӯяд, бо шаҳрванди ин кишвар хонадор шудаву соҳиби фарзанд аст. Ӯ ояндаи худу фарзандонашро пайванд бо ин кишвар мебинад.

Ӯ гуфт: "Соли 2014 ман грин-корт гирифтам. Оилаам ҳам ҳамроҳам ҳаст, фарзанддор ҳастам. Ин акси писарам Закариё аст, акнун 18-моҳа шуд. Ҳоло интизори фарзанди дуввум ҳастем".

Бо вуҷуди кору зиндагӣ дар Амрико, Ҳазратуллозода мегӯяд, иртиботашро бо Тоҷикистон накандааст ва сари чанд ва ба волидону пайвандонаш кӯмакҳои молӣ мефиристонад. Хабару ҳодисаҳои Тоҷикистогнро аз торнамоҳои оҷонсиҳои хабарӣ пайгирӣ мекунад. Пас аз 10 соли ғурбат соли ӯ тобистони оянлда нияти сафар ба Тоҷикистонро дорад.

XS
SM
MD
LG