Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп хитоб ба Макрон: "Ҳеҷ кишваре миллигаротар аз Фаронса нест"


Раиси ҷумҳури Амрико ду рӯз пас аз бозгашт аз сафари Порис бо интишори чанд паём дар сафҳаи "Твиттер"-и худ алайҳи ҳамтои фаронсавиаш гуфт, ки мушкили Эммануел Макрон маҳбубият надоштан дар кишвараш аст ва худи Фаронса "миллигаротарин кишвар" аст.

Доналд Трамп рӯзи сешанбеи 13-уми ноябр бо ишора ба изҳороти ахири Эммануел Макрон дар бораи зарурати ташкили артиши аврупоӣ дар баробари Чин, Русия ва ҳатто Амрико ёдоварӣ кард, ки ин Олмон буд, ки дар ду ҷанг -- Ҷанги Якум ва Дуввуми Ҷаҳонӣ дар баробари Фаронса қарор дошт ва фаронсавиҳо шурӯъ карда буданд забони олмонӣ ёд бигиранд, ки Амрико вориди моҷаро шуд.

Дафтари Эммануел Макрон рӯзи сешанбеи 13-уми нобяр бо нашри баёнияе гуфтааст, ки раиси ҷумҳури Фаронса ба паёмҳои твиттерии Доналд Трамп вокуниш нишон нахоҳад дод.

Вай навиштааст, "Эммануел Макрон пешниҳод кардааст артиши худашро таъсис кунад, то аз Аврупо дар баробари Амрико, Чин ва Русия дифоъ кунад. Дар Ҷанги Ҷаҳонии Аввал ва Дуввум (хатар аз тарафи Олмон буд)-- вазъияти Фаронса он вақт чӣ гуна буд? Дар Порис шуруъ карда буданд, олмонӣ ёд бигиранд, то ин ки Амрико вориди саҳна шуд. Ё пули НАТО-ро бидидеҳ ё надиҳед."

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбеи гузашта аз сафари Порис бозгашт. Ӯ дар маросимҳо ба муносибати 100-умин солгарди поёни Ҷанги Ҷаҳонии Аввал иштирок намуд. Дар ин маросим даҳҳо тан аз сарони кишварҳои ҷаҳон ширкат доштанд.

Трамп суханони Макронро "таҳқиромез" хонда буд

Вай пас аз ворид шудан ба Порис низ дар "Твиттер"-и худ суханони Макронро "бисёр таҳқиромез" хонда буд, аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Фаронса эълом кард, ки суитафоҳуме рух додаааст ва ҳадафи оқои Макрон ин буд, ки Аврупо бояд аз назари дифоӣ ба Амрико вобастагии зиёд надошта бошад.

Доналд Трамп аммо дар "твитти"-и рӯзи сешанбе бори дигар ба ин масъала пардохт ва ба сиёсати ҳукумати худ дар баробари НАТО ишора кард. Вай гуфт, ки Аврупо мехоҳад ИМА саҳми бештаре аз хароҷоти НАТО-ро бипардозад.

Раиси ҷумҳури Амрико дар паёми дигари твиттерии худ масъалаи тиҷорати шароб миёни ду кишварро матраҳ кард ва навишт, "Фаронса шароби олӣ тавлид мекунад, аммо мушкил ин аст, ки шароитро барои содироти шароби Амрико ба ин кишвар душвор мекунад ва дар ин бора тарофаҳои вазнин ҷорӣ кардааст, дар ҳоле, ки ИМА корро барои воридоти шароби фаронсавӣ осон карда ва тарофаи бисёр ночизе дар ин миён вуҷуд дорад. Аслан мунсифона нест ва ин вазъ бояд тағйир кунад."

"Маҳбубияти Макрон дар кишвараш хеле поин аст"

Доналд Трамп сипас афзудааст, ки "мушкил ин аст, ки дараҷаи маҳбубияти Эммануэл дар Фаронса хеле поин аст, 26 дарсад, ва мизони бекорӣ ҳам тақрибан 10 дарсад аст. Ӯ талош кардааст мавзуъро иваз кунад. Ростӣ, ҳеҷ кишваре миллигаротар аз Фаронса нест, мардуми Фаронса хеле ба кишварашон ифтихор мекунанд ва ҳаққ ҳам доранд."

Оморе, ки муассисаи Gullup аз мизони маҳбубияти худи оқои Трамп дар Амрико мунташир кардааст, 37 дарсад мебошад. Раиси ҷумҳури Амрико дар идома бо ишора ба изҳороти Макрон, ки хостори радд кардани миллигароӣ дар ҷаҳон шуда буд, гуфт, ки "ҳеҷ кишваре ба андозаи Фаронса миллигаро нест, бо мардумоне бисёр мағрур ва ба дурустӣ ҳамчунин ҳастанд."

Оқои Трамп дар ниҳоят шиори интихоботии худро ин бор дар робита бо Фаронса такрор карда ва навиштааст, "Фаронсаро дубора боазамат кунед". Дафтари Эммануел Макрон рӯзи сешанбе бо нашри баёнияе гуфтааст, ки раиси ҷумҳури Фаронса ба "твиттҳое", вокуниш нишон нахоҳад дод.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG