Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Интерпол" мухолифи узбек Муҳаммад Солеҳро дигар ҷустуҷӯ намекунад


Тронд Улсен Насса - вакили мудофеи мухолифи узбек Муҳаммад Солеҳ рӯзи 9-уми ноябр гуфт, ҷониби "Интерпол" ба ӯ расман хабар додааст, ки нафари таҳти ҳимояти вай аз рӯйхати афроди ҷустуҷӯшаванда хориҷ шудааст.

Муҳаммад Солеҳ, роҳбари "Ҳаракати мардумии Узбекистон" ва раиси ҳизби "Эрк" соли 2001 дар фурудгоҳи шаҳри Прагаи ҷумҳурии Чех боздошт шуд. Аммо додгоҳи Прага бо назардошти сиёсӣ будани парванда, мухолифи узбекро ба кишвараш истирдод накард.

Муҳаммад Солеҳи 68-сола дар соли 1989 ҳизби "Эрк"-ро таъсис ва дар интихоботи президентии соли 1991 ширкат варзид. Бино бар иттилои нозирон, вай дар интихоботи соли 1991 33 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуда буд. Аммо дар соли 1993 вай маҷбур ба тарки Узбекистон шуд.

Соли 2000 Додгоҳи олии Узбекистон ӯро ғоибона ба талоши тағйири сохти конститутсионии Узбекистон айбдор ва ба 15,5 соли ҳабс маҳкум кард. Ба ҷуз ин Муҳаммад Солеҳ дар ташкили таркиши соли 1999 дар шаҳри Тошканд низ айбдор шуд.

Аммо баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиеёв мақомоти ин кишвар муносибаташонро нисбати мухолифон тағйир доданд. Аз ҷумла бародари Муҳаммад Солеҳ аз зиндон раҳо шуд. Моҳи феврали соли ҷорӣ рушанфикрони Узбекистон дар як нома аз Мирзиёев дархост карданд, ки Солеҳро ба ватан баргардонад.

XS
SM
MD
LG