Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз ИМА ба Созмони байналмилалии баҳрнавардӣ шикоят кард


Ҷумҳурии исломии Эрон аз Иёлати Муттаҳидаи Амрико ба Созмони байналмилалии баҳрнавардӣ шикоят бурдааст, ки монеи бима ё суғурта шудани киштиҳои Эрон мешавад. Ҳамид Баъидинажод, сафири Эрон дар Бритониё рӯзи панҷшанбеи 8-уми ноябр ин хабарро дар "Телеграм"-и худ мунташир кардааст. 172 кишвар узви Созмони байналмилалии баҳрнавардӣ ҳастанд ва қароргоҳи ин созмон дар Лондон мебошад.​

Ҳушдори Амрико аз "фоҷеаи экологӣ"

Номаи Эрон пас аз он навишта шуд, ки масъули Гурӯҳи иқдоми Эрон дар вазорати умури хориҷии Амрико эълом кард, ки ширкатҳои суғуртаи байналмилалӣ аз пешниҳоди хадамот ба киштиҳои эронӣ манъ шудаанд ва Ҷумҳурии исломӣ ба эҳтимоли зиёд маҷбур хоҳад шуд, ки барои суғурта кардани киштиҳояш, ба ширкатҳои дохилии худ такя кунад.

Як масъул дар порлумони Ҷумҳурии исломӣ гуфтааст, ҳукумат ва дастгоҳи дипломатии Эрон бояд роҳе барои бурунрафт аз ин мушкил, пайдо кунанд.

Ба гуфтаи ин масъули вазорати умури хориҷии Амрико, ин дар ҳоле аст, ки ширкатҳои суғурта дар Эрон қодир ба пардохти ғароматҳои фоҷеаҳои экологӣ, ки маблағи он ба миллиардҳо доллар мерасад, нестанд. Ӯ дар айни ҳол ҳушдор дод, ки идомаи фаъолиятҳои киштиҳои нафткаши Эрон метавонад сабаби "фоҷеаҳои экологӣ" шавад.

"Иқдоми Амрико нақзи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аст"

Он тавре, ки сафири Эрон дар Бритониё хабар дод, вай дар номае ба Дабири кулли Созмони байналмилалии баҳрнавардӣ зимни маҳкумияти ин иқдоми Амрико, онро нақзи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дониста ва хостори баррасии мавзӯъ дар нишасти Шӯрои Созмони байналмилалии баҳрнавардӣ шудааст.

Сафири Эрон дар Бритониё афзудааст, ки "бидуни шак Эрон бинобар хости ғайриқонунии Амрико наметавонад аз фаъолиятҳои киштиҳои худ барои содироти нафт ва ҳамчунин содирот ва воридоти колоҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ монеа эҷод кунад ва қатъан Амрико масъули ба миён омадани ҳар ҳодисае дар баҳр хоҳад буд."

"На ҳама ширкатҳо гапи Амрикоро гӯш мекунанд"

Ин дар ҳоле аст, ки раиси Кумитаи байналмилалии комиссияи ҳуқуқӣ ва қазоии порлумони Эрон гуфтааст, ки "ширкатҳои бимаи байналмилалӣ аз фоидаи суғурта кардани киштиҳои Эрон сарфи назар нахоҳанд кард. Ба гуфтаи Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, "ин гуна нест, ки ҳама ширкатҳои бима бо Амрико дорои робитаҳои иқтисодӣ бошанд ва бихоҳанд гапи Амрикоро гӯш кунанд".

Яҳё Камолипур, раиси Комиссияи ҳуқуқии порлумони Эрон ҳам гуфтааст, ки "ҳушдор"-и Амрико ба бимакунандагони киштиҳои эронӣ бо қонунҳои байналмилалӣ "созгор" набуда ва ҳукумат ва дастгоҳи дипломатии Эрон бояд роҳе барои бурунрафт аз ин мушкил, пайдо кунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун шуд ва ба бозгашти ҳамаи таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии исломӣ дастур дод. Ин таҳримҳо дар ду марҳила иҷро шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, ҳашт кишвар -- Чин, Ҳинд, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Италия, Юнон ва Тайван ба таври муваққат аз таҳримҳо алайҳи Эрон муъоф ҳастанд.

XS
SM
MD
LG