Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии демократҳо дар интихоботи Конгресс. Трампро чӣ интизор аст? ВИДЕО


Ҷумҳурихоҳон, ки дар ду соли гузашта зимоми ҳар ду палатаи Конгресси Амрикоро дар даст доштанд, на ҳамеша бо маъмурияти Доналд Трамп вориди баҳс мешуданд. Ҳоло, ки демократҳо контроли Маҷлиси Намояндагонро зери назари худ гирифтанд, чӣ иттифоқ хоҳад афтод?

Демократҳо Маҷлиси Намояндагони Амрикоро гирифтанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:57 0:00

Дар ду соли аввали раёсати ҷумҳурии Трамп сиёсати хориҷии Амрико дучори ошуфтагӣ шуд, зеро ӯ муносибатҳои тӯлонӣ бо шарикони деринаи Вашингтонро зери суол бурд. Ҳоло, мумкин аст, сиёсати хориҷии Амрико бори дигар дучори ошуфтагиҳо бишавад. Чун демократҳо курсиҳои бештари Маҷлиси Намояндагонро соҳиб шуда, дар назар доранд, дар сиёсати хориҷиву дохилии Амрико таъсири бештар дошта бошанд.

Коршиносон мегӯянд, интихоботи миёндаврии Конгресс ба робитаи Амрикову Аврупо бартарӣ медиҳад ва имкониятҳои президент Трампро барои нақзи ҳамкориҳо маҳдуд мекунад.

Низоми сиёсии Амрико чунон шакл гирифтааст, ки мақоми иҷроия ё Кохи Сафед сиёсати хориҷии Амрикоро таъйин мекунад. Вале қонунгузорон дар масоили марбут ба пул, назорати бахшҳои буҷет барои сармоягузорӣ дар ҷанг, дипломатия, амалиёти кашф ва масоили дигар, нуфузи бештар доранд.

Бино ба қавли Марвин Калб, муҳаққиқи пажӯҳишгоҳи Брукинг, "ин, мумкин аст, боиси сардаргумӣ ва ҳамбастагии камтар дар мавриди сиёсати хориҷӣ шавад".

Демократҳо бояд чӣ кор кунанд?

Девид Вей, раиси ситоди Ҷон Керрӣ, вазири пешини умури хориҷии Амрико дар як шарҳи худ қабл аз раъйдиҳӣ гуфта буд, демократҳо бояд дидгоҳи худро баён кунанд. "Аммо демократҳо бояд сиёсати хориҷиро суфта кунанд. Масоили хордореро, ки мутобиқ ба хостаҳои Трамп бошад, ба шакле ҳал намоянд, ки тарафдорони ӯ эҳсос накунанд дар канор мондаанд", - афзуд ӯ.

Ян Бонд, ки ба ҳайси сафир дар Русия, НАТО ва дигар мақомҳои Вазорати умури хориҷии Бритониё кор кардааст, гуфт, дар Аврупо ба интихоботи миёндаврии Амрико ҳамчун масири ояндаи Вашингтон менигаранд.

Онҳое, ки дар Лондону Брюссел ҳастанд, ба робитаи дарозмуддати байни Аврупо ва Амрикои Шимолӣ бовар доранд. Онҳо умед доранд, ки интихоботи миёндаврии Конгресс ба робитаи Амрикову Аврупо бартарӣ медиҳад ва имкониятҳои президент Трампро барои нақзи ҳамкориҳо маҳдуд мекунад.

Конгресс ва Русия

Дар замони назорати ҷумҳурихоҳон, ҳарду палатаи Конгресс дар мавриди бозгашти Русия ба соли 2014, иттифоқи назар доштанд. Соле, ки Маскав нимҷазираи Кримро аз Украина гирифт ва аз ҷудоиталабон дар шарқи он кишвар ҳимоят кард.

Дар замони аксарият будани демократҳо дар Маҷлиси Намояндагон баъид аст, ки ин иттифоқи назар тағйир ёбад. Элиот Энгел, мунтақиди ошкорои Кремлин ба эҳтимоли ғолиб раёсати Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси Намояндагонро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Мунтақиди дигари сиёсатҳои Русия Адам Смит гуфт, мумкин аст раиси Кумитаи хадамоти Артиш интихоб шавад.

Қабл аз ин интихобот, Сенат яке аз шахсиятҳои калидиеро, ки ҷумҳурихоҳон ва демократҳоро барои фишороварӣ бар Маскав таҳрик медод, аз даст дод. Боб Коркер, намояндаи Кумитаи равобити байналмилалии Сенат қарор кард, ки ба истеъфо биравад.

Интизор меравад, ҷумҳурихоҳ Ҷим Риш ҷои Боб Коркерро бигирад. Аммо ӯ мисли Коркер ваё ҷумҳурихоҳи дигар, ки барои расидан ба ин мақом талош дошт - Марко Рубио - дар сиёсат бо Русия чандон матраҳ нест.

Сенат ҳамчунин яке аз шахсиятҳои шинохтаи зидди Русия Ҷон Маккейнро аз даст додааст. Ӯ моҳи августи имсол даргузашт. Маккейн ба ҳайси раҳбари Кумитаи артиш сиёсати дифоии Амрикоро роҳнамоӣ мекард. Аз ҷумла, дар Аврупо, ҷое ки Вашингтон дар вокуниш ба иқдомҳои Русия дар Украина ва баъзе гӯшаҳои дигар нирӯ ва таҷҳизотро ҷойгир кардааст.

Пас аз марги Маккейн ин кумитаро Ҷеймс Инҳоф раҳбарӣ мекунад ва интизор меравад ӯ дар ҷои худ бимонад.

Оё баҳси Украина ва Эрон ба Конгресс бармегардад?

Қарор аст, тағйири кӯчаке дар Конгресс дар робита ба Украина рух диҳад. Тайи ду соли охир ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон аз он кишвар ҳимоят кардаанд. Вале демократҳо дар Маҷлиси Намояндагон мумкин аст масъалаи кӯмаки молӣ ва интиқоли силоҳ ба Украинаро баррасӣ кунанд.

Бархӯрди тунди Амрико бо Эрон баъди чанд муддати ба сари кор омадани маъмурияти Доналд Трамп оғоз шуд. Бисёре аз қонунгузорони ҷумҳурихоҳ, ба мисли аксар мушовирони Трамп аз рафтори президенти собиқ Барак Обама нисбат ба Теҳрон, ки соли 2015 созиши ҳастаиро имзо гузошт, амиқан шубҳа доштанд.

Бисёре аз демократҳо аз ин созишнома ҳимоят карда буданд. Ва ин тавофуқ боис шуд, ки қудратҳо таҳримҳои иқтисодиии алайҳи Эронро лағв кунанд. Аммо Доналд Трамп кишварашро аз ин созиш берун кард ва рӯзи 5-уми ноябр зидди Эрон дигарбора таҳримҳоро ҷорӣ намуд.

Арабистони Саудӣ яке аз муттаҳидони Амрико дар ҷаҳони ислом ва Ховари Миёна аст, ки дар ивази миллиардҳо доллар аз Амрико силоҳ гирифта, бозори босуботи нафтро таъмин кардааст. Ҳамчунин ин кишвар пушти паси саҳнаи низоъҳо дар Ховари Миёна нақш бозидааст.

Аммо муносибати Амрико бо Арабистони Саудӣ дар пайи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, хабарнигор ва мунтақиди сиёсатҳои Риёз, бахусус шоҳзода Муҳаммад бин Салмон дар консулгарии ин кишвар дар Истанбул ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG