Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби эътирозгарони Хоруғ - бардоштани постгоҳҳо ва муҷозоти омилони тирпаронӣ


Як гурӯҳ аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки дирӯз дар назди ҳукумати ин шаҳр даст ба таҷаммуъ зада буданд, бо шарти се рӯзаи ҳалли талабҳояшон пароканда шуданд. Ин гурӯҳи сокинони Хоруғ талаб доранд, ки дар зарфи се рӯз дидбонгоҳҳоb (постгоҳҳо)и умури дохила аз шаҳр бардошта шуда, омилони тирпаронии шаби 4-уми ноябр муҷозот шаванд.

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 7-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз дар Хоруғ оромӣ аст ва гирдиҳамомадагон баъди пешниҳоди шартҳои худ ба хонаҳояшон баргаштанд. Ба қавли ҷаноби Ниятбеков, ҷамъомадагон ва ҳукумати вилоят ба хулоса омаданд, ки талабҳои сокинон давоми се рӯзи оянда баррасӣ мешавад.

"Онҳо асосан талаб доранд, ки дидбонгоҳҳо бардошта шуда, шахсоне, ки тирпарронӣ кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Раиси вилоят ба онҳо ҷавоб доданд, ки то волоияти қонун таъмин нашавад, ин дидбоноҳҳо бардошта намешаванд. Вале онҳо розӣ нестанд ва мегӯянд то масъала ҳал нашавад, намераванд. Се рӯз вақт дода шуд, ки масъала ҳал шавад",-афзуд Ғолиб Ниятбеков.

Ғолиб Ниятбеков афзуд, Ситоди байниидоравӣ имрӯз ба санҷиши пешниҳоди мардум оғоз кард ва дар мувофиқа бо раиси вилоят, санҷиш мегузаронанд.

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон дирӯз ҳам дар посух ба талаби гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омаданд гуфт, ин посгоҳҳо то замони таъмини волоияти қонун ва аз байн рафтани мошинҳои сиёҳшиша амал хоҳанд кард.

Ёдгор Файзов ҳамчунин гуфт, ки шикояти мардумро дар бораи тирпаронии шаби 4 ба 5 ноябр, ки дар он дасти кам як нафар захмӣ шудааст, ситоди байниидоравии амниятӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Дар ҳамин ҳол як мақом дар ниҳодҳои қудратӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ нафаре барои ҳалли ин ҳодиса аз Душанбе ба Бадахшон сафар намекунад ва Ситоди байниидоравӣ аз ӯҳдаи ҳалли ин баҳс мебарояд. Ӯ гуфт, ки посгоҳҳо ба ҳеҷ сурат бардошта намешаванд ва бо назардошти вазъи ҳассоси амниятӣ дар минтақа, будани ин посгоҳҳо дар шаҳр зарур аст.

Посгоҳҳои полис дар шаҳри Хоруғ ва дигар нуқоти Бадахшон баъди он гузошта шуданд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқот бо сокинону мақомоти Бадахшон аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақаи ҳамсарҳад бо Афғонистон интиқод кард.

Дар мулоқоти 15-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти вилоят интиқод кард, ки, ба гуфтааш, "чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд". Баъди ин дар вилоят тағйироти ҷиддӣ сурат гирифт -- мақомоти ҳукумати вилоят ва сохторҳои додгустариву додситонӣ иваз шуд, дар вилоят амалиёти ҷамъоварии силоҳ ва поккории мошинҳои сиёҳшиша ба роҳ монда шуд.

Зимнан, бо оғози гирдиҳамоии сокинони Хоруғ, дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии "Фейсбук", "Ютуб" ва бархе аз сомонаҳо маҳдуд шуд. Як мақоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ инро ба иллати техникӣ рабт дод ва гуфт, он муваққатӣ буда, дар наздиктарин фурсат бартараф хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Аз қатли Ҳувайдои 5-сола то наҷоти зану кӯдаки рус. Соли муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:31 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG