Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурихоҳон Сенатро ҳифз карданд, аммо Маҷлиси Намояндагонро аз даст доданд


Бо поён ёфтани раъйдиҳӣ дар бисёре аз иёлатҳои Амрико, шумориши орои интихоботи миёндавраии Конгресси ИМА оғоз шудааст.

Расонаҳои Амрико пешбинӣ мекунанд, ки ҷумҳурихоҳон аксарияти худро дар Сенат ҳифз хоҳанд кард. Тибқи пешбиниҳо, Ҳизби демократ низ аксариятро дар Маҷлиси Намояндагон ба даст хоҳад овард.

Трамп демократҳоро табрик гуфт

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар нахустин вокуниши худ ба интихоботи миёндавраии Конгресс, дар "Твиттер" навиштааст, "имшаб муваффақияти бузурге буд. Аз ҳама сипосгузорам". Тибқи гузоришҳо, Доналд Трамп дар гуфтугӯи телефонӣ бо Нанси Пелоси, раҳбари демократҳо дар Маҷлиси Намояндагон, пирӯзии Ҳизби демократро ба ӯ табрик гуфтааст.

Хонум Пелосӣ аз ин қабл дар суханронии худ дар қароргоҳи Ҳизби демократ дар Вашингтон ин пирӯзиро ба тарафдорони ин ҳизб табрик гуфта буд. Вай гуфтааст, ҳадафи ҳизбаш пас аз пирӯзӣ дар интихоботи миёндавраӣ, талош барои эҷоди ваҳдат дар кишвар аст.

Бо шумориши 99 дарсади раъйҳо дар иёлати Флорида, номзадҳои ҷумҳурихоҳ бо тафовути на чандон зиёд, аз рақибони худ аз Ҳизби демократ пеш афтодаанд. Дар Тексаз бо шумориши 82 дарсади раъйҳо, сенатори ҷумҳурихоҳ Тед Круз низ бо тафовуфти каме аз рақиби демократи худ раъйи бештар ба даст овардааст.

Интихоботи Маҷлиси Намояндагони Амрико ҳар ду сол як бор баргузор мешавад.

Дар чанде аз рақобатҳо барои курсии Сенат, демократҳо тавонистанд аз рақибони худ пеш гузаранд. Ин дар ҳоле аст, ки дар яке аз ҳассостарин рақобатҳо дар ин замина дар иёлати Индиана, сенатори демократ аз рақиби ҷумҳурихоҳи худ ақиб афтодааст.

Ду номзади мусалмон дар Маҷлиси Намояндагон

Тибқи эълони натиҷаҳо, ду номзади мусалмон, яке Илҳон Умари сомалияитабор дар иёлати Миннесота ва Рашида Тлайби фаластинитабор дар иёлати Мичиган муваффақ шуданд ба унвони намояндагони ду ҳавзаи интихоботӣ вориди Маҷлиси намояндагон шаванд.

Ба гузориши расонаҳо, дар интихоботи ин давра ҳудуди 38 миллион нафар ширкат карданд, ки нисбат ба интихоботи миёндавраӣ дар соли 2014, даҳ миллион бештар будааст. Дар ин интихобот раъйдиҳандагон барои интихоби 435 намояндаи Маҷлиси Намояндагон, 35 курсӣ аз 100 курсии Сенат ва 36 ҳокими иёлатӣ аз 50 иёлати кишвар, ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд.

Интихоботи Маҷлиси Намояндагони Амрико ҳар ду сол як бор баргузор мешавад, ки як бори он ҳамзамон бо интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико сурат мегирад ва давраи дигар дар миёнаи давраи чаҳорсолаи раиси ҷумҳур баргузор мешавад, ки ба он интихоботи миёндавраӣ мегӯянд. Доналд Трамп ду сол пеш тавонист дар интихоботи президентӣ ба пирӯзӣ бирасад.

XS
SM
MD
LG