Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи ҳолливуди Қазоқистон дар 34-солагӣ даргузашт


мошини полис дар як кӯчае дар Алмаато
мошини полис дар як кӯчае дар Алмаато

Ҳунарпеша ва варзишгари қазоқ Қосим Жумағожин, ки дар Ҳолливуд ҳам нақш бозидааст, дар синни 34-солагӣ даргузашт. Маъмурияти сирки давлатии Қазоқистон дар шаҳри Алмаато рӯзи 4 ноябр гуфт, ки Жумағожин рӯзи 3 ноябр дар паи сактаи қалбӣ даргузашт. Актери ҷавон ҳангоми ҳунарнамоӣ дар як клуби шабона, ки ҷашни Ҳеллоуинро барпо мекард, ногаҳон худро бад ҳис кард ва даргузашт. Жумағожин дар филмҳои зиёд, аз ҷумла, дар намоишномаҳои амрикоии “47 Ronin” (2013), “The Expendables 2”, (2012) ва “Conan The Barbarian” (2011) ҳамроҳ бо Силвестр Сталлоне, Чак Норрис ва Кияну Ривз бозӣ кардааст. Илова ба кор дар Ҳолливуд, ӯ дар филмҳои зиёди русӣ ва ҳиндӣ ҳам нақш офаридааст.

Бахши Қазоқии Радиои Озодӣ менависад, ки ҳодисаи марги ҳунарпеша таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG