Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писарони Хошуқҷӣ аз Арабистон хостанд, ҷасади падарашонро бидиҳад


Писарони журналисти кушташудаи саудӣ аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ҷасади Ҷамол Хошуқчӣ барои дафн дода шавад.

Салоҳ ва бародараш Абдулло дар мусоҳиба бо телевизиони CNN гуфтанд, мехоҳанд, падарашонро дар қабристони шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ дафн кунанд. Онҳо аз падари худ ба ҳайси "инсони ҷасуру хайрхоҳ" ном бурданд.

Салоҳ гуфт, ба ҳарфҳои шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бовар дорад ва гунаҳкорони қатли падари вай ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Салоҳ, мақомоти Арабистон таҳқиқи дохилиро шуруъ кардаанд.

Додситони Истанбул рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми октябр ба таври расмӣ эълон кард, ки Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Риёз, пас аз ворид шудан ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар ин шаҳр, тибқи як нақшаи аз қабл тарҳрезишуда кушта шуд ва сипас ҷасадаш қитъа-қитъа ва аз ин маҳал берун бурда шудааст.

Ирфон Фидон, додситони Истанбул дар баёнияе, ки ду рӯз пас аз мулоқоташ бо додситони кулли Арабистони Саудӣ содир кард, гуфтааст, ки "бо вуҷуди талошҳо ва нияти неки мо барои кашфи ҳақиқат", мулоқоти баргузоршуда бо Сауд Ал-Муҷиб "натиҷаи назаррасе" надоштааст.

Ин баёния нахустин таъйиди расмии Туркия дар мавриди қатл ва пора-пора кардани Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ аст. Бо ин ҳол, Анқара ҳеҷ санаде ва ё наворҳои савтӣ ва видеоие, ки гуфта мешавад аз ин ҳодиса дар ихтиёр дорад, мунташир накардааст.

Қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, ки рӯзи 2-юми октябр рух дод, ба бӯҳроне байналмилалӣ барои Арабистони Саудӣ табдил шуд. Риёзро дар талоши рӯпӯш кардани ин ҷиноят гунаҳгор мекунанд.

XS
SM
MD
LG