Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Осия Бибӣ аз раҳбарони ғарбӣ паноҳандагӣ хост


Осия Бибӣ соли 2010 ба ҳукми марг маҳкум шуда буд
Осия Бибӣ соли 2010 ба ҳукми марг маҳкум шуда буд

Ҳамсари Осия Бибӣ, як зани масеҳии сокини Покистон, аз раҳбарони кишварҳои ғарбӣ дархост кард, ки ба хонаводааш дар Ғарб паноҳандагӣ бидиҳанд. Осия Бибии 54-сола ва модари чор фарзанд соли 2010 бо гумони тавҳин дар ҳақи дини Ислом ба ҳукми марг маҳкум шуд, вале худи ӯ ҳамеша ин иттиҳомро рад кардааст. Дар паи интиқодҳои байналмилалӣ, додгоҳи олии Покистон 30 октябр ҳукми ин занро бекор кард, вале дар пай давоми се рӯз дар саросари ин кишвар бо талаби ба қатл расондани ин зан намоишҳои эътирозӣ барпо шуд. Ҳамсари Осия Бибӣ – Ошиқ Масеҳ дар як муроҷиати видеоӣ ба унвонии раҳбарони ИМА, Бритониё, Канада ва дигар кишварҳои ғарбӣ хостааст, ки дар берун рафтани ин хонавода ва ҳам паноҳандагии онҳо дар қаламравҳои ғарбӣ мусоидат кунанд. Баъди раҳоӣ аз зиндон Осия Бибиро ҳукумати Покистон дар макони амн нигадорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG