Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғафур-бойбача президенти нави AIBA интихоб шуд


Ғафур Раҳимов
Ғафур Раҳимов

Тоҷир ва муштзани собиқи Узбекистон Ғафур Раҳимов, маъруф бо лақаби Ғафур-бойбача, президенти нави Анҷумани байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA) интихоб шуд. Ин ҷаласа рӯзи 3-юми ноябр дар пойтахти Русия баргузор гардид.

Аз миёни 134 вакил ба тарафдорӣ аз Раҳимов 86 нафар раъй доданд. Ӯ бо ин ҳисоб бар рақиби қазоқистониаш Серик Конакбоев пирӯз омад.

Ғафур Раҳимов, ки дар гузашта яке аз раҳбарони олами ҷиноии Узбекистон ном бурда мешуд, охири соли гузашта ба “рӯйхати сиёҳ”-и Вазорати молияи Амрико ворид шудааст. Вазорати молияи Амрико дар гузориши худ Ғафур-бойбача ва чанд нафари дигарро “ба шустушӯи пул, ғасб, ришва ва тиҷорати маводи мухаддир” айбдор кард.

Чаҳор соли қабл нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, низ бо такя ба маълумоти Хадамоти махсуси Русия навишт, нуфузи Ғафур Раҳимов дар солҳои 1990 ба сатҳе расида буд, ки то 15 дар сади саноати пахтаи Узбекистонро зери назорат дошт.

Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 номи Ғафур Раҳимов аз феҳристи афроди таҳти пайгарди Интерпол ҳазф шуд. Вай соли 2010 аз Узбекистон берун рафта, гуфта мешавад, дар Дубай зиндагӣ дорад.

Аммо тобистони имсол Вазорати умури дохилии Узбекистон Ғафур Раҳимова ва ҳамсараш Лола Раҳимоваро дубора таҳти ҷустуҷӯ қарор дод.

XS
SM
MD
LG