Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На русӣ, на амрикоӣ. Эрон гуфт, ҳавопаймои ҷангӣ месозад


Эрон ба истеҳсоли ҳавопаймоҳои ҷангии худ оғоз кардааст. Мақомоти Эрон мегӯянд, нахустин ҳавопаймоҳо моҳи августи имсол бо номи “Кӯҳсор” тавлид шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир Эрон аз тайёраҳои ҷангии амрикоӣ ва русӣ истифода мекунад.

Амир Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон гуфтааст, бо вуҷуди таҳримҳои, ба қавли ӯ, душман, сохту тавлиди ҳавопаймоҳои ҷангӣ аз тарафи кишвараш идома мекунад ва баёнгари қобилияти мутахассисони эронӣ аст.

Ҳотамӣ рӯзи 3-юми ноябр гуфт, ба зудӣ ҳавопаймоҳои ҷангии сохти Эрон мавриди истифодаи нирӯҳои ҳавоии ин кишвар қарор хоҳад гирифт.

Як рӯз пеш Амрико эълон кард, ки алайҳи Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад намуд. Ин таҳримҳо 5-уми ноябр мавриди иҷро қарор гирифта, шомили бахши ҳамлу нақл, молӣ ва энережӣ аст.

XS
SM
MD
LG