Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия сиёсатмадорони афғонро барои сулҳ бо Толибон ба Маскав хонд


Хабаргузории "Ройтерс" мегӯяд, ки Ҳомид Карзай барои иштирок дар нишасти Маскав даъват шудааст
Хабаргузории "Ройтерс" мегӯяд, ки Ҳомид Карзай барои иштирок дар нишасти Маскав даъват шудааст

Русия аз баъзе сиёсатмадорони шинохтаи Афғонистон даъват кардааст, ки дар музокироти сулҳ бо Толибон иштирок кунанд. Дар миёни даъватшудаҳо Ҳомид Карзай – президенти собиқи Афғонистон – низ ҳаст.

  • Дар ин бора хабаргузории “Ройтерс” иттилоъ дод, вале гуфт, ки сафорати Афғонистон дар Маскав аз шарҳи масъала худдорӣ кардааст. Сафорати Амрико дар Кобул низ нахост, даъвати нави Русияро шарҳ диҳад.

Муҳаммад Юсуф, масъули дафтари матбуотии Ҳомид Карзай гуфтааст, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон ба он хотир дар нишасти Маскав саҳм мегирад, ки "ҳеч суҳбати сулҳ бо Толибон набояд аз таваҷҷуҳ дур монад". Атомуҳаммади Нур, волии пешини Балх ва раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломӣ ҳам гуфтааст, ки дар иҷлоси Маскав иштирок хоҳад кард.

Атомуҳаммади Нур
Атомуҳаммади Нур

Хабаргузории "Ройтерс" менависад, аъзои муҳими Толибон дар Афғонистон гуфтаанд, онҳо низ як ҳайатро ба Маскав мефиристанд, то бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон – Чину Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон – суҳбат кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 3-юми ноябр расман хабар дод, ки нишасти бахшида ба масоили Афғонистон дар сатҳи муовинони вазири умури хориҷӣ рӯзи 9-уми ноябр дар Маскав баргузор хоҳад шуд. Вазорат мегӯяд, барои иштирок дар ин конфронс намояндагони Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва инчунин Амрико даъват шудаанд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки ба ин нишаст ҳайати Шӯрои олии сулҳи кишварашро хоҳад фиристод.

Маскав мегӯяд, ба ин нишаст ҳайати Дафтари сиёсии Ҷунбиши Толибон дар Доҳа низ хоҳанд омад.

Русия дар моҳи августи имсол баргузории як нишасти чандҷонибаро барои сулҳи Афғонистон дар назар дошт, ки барои иштирок дар он намояндагони 12 кишвар ва Толибон даъват шуда буданд. Ин иҷлос қарор буд дар моҳи сентябр баргузор шавад, аммо ба таъхир афтод.

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки ҳар навъ музокира бо Толибон бояд ба раҳбарии ҳукумати Афғонистон сурат гирад. Баъдан ӯ бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров телефонӣ суҳбат карда, ду тараф барои ба таъхир гузоштани ин нишаст ба мувофиқа расиданд.

Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Аз тарафи дигар Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон мегӯяд, музокирот дар мавриди иҷлоси Маскав бо мақомоти Русия давом дорад. Суҳбатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи ин Вазорат шоми 2-юми ноябр дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, “мавқеи мо аз аввал ҳам мушаххас буд. Мо гуфтем, ки рӯи чигунагии нишасти Маскав ва замони баргузории он дар ҳоли баҳс ҳастем.”

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки умедвор аст, ҷузъиёти ин конфронс ба зудӣ равшан шавад. Ба қавли ӯ, таъйини таърих ва рӯйхати иштироккунандаҳо дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст.

Музокироти сиёсии байни Толибон ва Амрико низ моҳи гузашта баъд аз он каме ҷон гирифт, ки Залмай Халилзод ба ҳайси намояндаи хоси Вазорати корҳои хориҷии Амрико барои сулҳи Афғонистон таъйин шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Қабл аз ин, Абдуллоҳ Абдуллоҳ – раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон гуфта буд, ки бидуни иштироки ҳукумат иҷлоси Макав ҳеҷ ҳосил нахоҳад дошт. Доктор Абдуллоҳ аз талоши кишварҳои дигар барои сулҳи Афғонистон ситоиш намуд, вале айни замон таъкид кард, ки ҷилави ҳар навъ музокироти сулҳ бояд дар дасти худи афғонҳо бошад.

XS
SM
MD
LG