Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Маскав дар бораи сулҳи Афғонистон ба таъхир афтод


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.

Маскав ва Кобул рӯзи душанбеи 27-уми август эълон карданд, ки нишасти сулҳи Афғонистон, ки қарор буд рӯзи 4-уми сентябр дар Русия баргузор шавад, ба таъхир афтодааст. Ҳафтаи гузашта вазорати умури хориҷии Афғонистон гуфт, ки ҳукумати ин кишвар дар нишасти Маскав иштирок намекунад.

Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, муовини сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи сешанбеи 28-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки созиш дар ин маврид дар ҷараёни муколамаи телефонии раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба даст омадааст.

Бар асоси гузоришҳо, Русия аз 12 кишвар, ба шумули Афғонистон ва Амрико барои иштирок дар ин нишаст даъват карда буд. Аммо Амрико ва Афғонистон даъвати Русияро напазируфтанд.

Ба гуфтаи сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон, дар ин гуфтугӯ тасмим гирифта шуд, ки нишасти Маскав дар ҳоли ҳозир ба таъхир гузошта шавад, то ҳам омодагии бештаре гирифта шавад ва ҳам ин нишаст муассиртар бошад. Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ дар идома гуфт, ки пас аз фаъолияти муштараки тимҳои кории ду кишвар, замони баргузории нишасти байналмилалӣ дар мавриди музокироти сулҳи Афғонистон мушаххас ва эълом хоҳад шуд.

Вазорати умури хориҷии Русия низ гуфтааст, ки Ашраф Ғанӣ дар муколамаи телефониаш бо Сергей Лавров усулан аз назарияи баргузории нишасте ҳамчун мулоқоти Маскав, ҳимоят кардааст. Русия аз 12 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Амрико, Чин, Эрон, Покистон, Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Миёна барои ширкат дар ин нишаст даъват карда буд.

Аммо ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Ашраф Ғанӣ афзудааст, ки Афғонистон барои гирифтани як мавзеи ягона бо таваҷҷуҳ ба тағйирот дар ҳукумат, ба замони бештар ниёз дорад. Авохири ҳафтаи гузашта Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Афғонистон ва яке аз муҳраҳои калидӣ дар сиёсатҳои амниятии ҳукумати оқои Ғанӣ ба таври ногаҳонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ дар истеъфономаи худ иллати канор рафтанаш аз ин мақомро, ихтилоф бо раиси ҷумҳур донист.

Ҳамчунин як рӯз баъд, вазирони умури дохилӣ, дифоъ ва раҳбари раёсати амниятии миллии он кишвар низ истеъфои худро ба президент Ашраф Ғанӣ пешниҳод карданд. Вале бар пояи хабарҳо, оқои Ғанӣ истеъфои онҳоро напазируфтааст.

Афғонистон ва Русия дар ҳоле аз таъхир дар мавриди баргузории нишасти Маскав хабар медиҳанд, ки як ҳафта пеш гурӯҳи Толибон даъвати Русия барои иштирок дар нишасти Маскавро пазируфт. Русия қаблан эълон карда буд, ки чаҳоруми сентябр мизбони нишасти сулҳи Афғонистон аст ва Толибон низ дар он иштирок хоҳанд кард.

Бар асоси гузоришҳо, Русия аз 12 кишвар, ба шумули Афғонистон ва Амрико барои иштирок дар ин нишаст даъват карда буд. Аммо Амрико ва Афғонистон даъвати Русияро напазируфтанд. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Афғонистон, ин нишаст бидуни ҳамоҳангии Кобул барномарезӣ шуда буд.

Гурӯҳи Толибон, ки пешниҳоди музокираи мустақи бо ҳукумати Афғонистонро радд кардаанд, эълом намуданд, ки бо Амрико музокира мекунанд. Толибон дар ин авохир бо Русия низ тамосҳои бештар барқарор кардаанд.

Аз ин қабл, Амрико ва ҳукумати Афғонистон Русияро ба ҳамкорӣ бо Толибон муттаҳам карданд. Аммо Маскав ин иттиҳомотро радд кард ва гуфт, ки ин тамосҳо танҳо ба хотири ҳифзи шаҳрвандон ва муассисаҳои Русия дар Афғонистон сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG