Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Трамп барои лағви ҳаққи шаҳрвандии хориҷиҳои зодаи хоки Амрико


Масъалаи додани ҳаққи шаҳрвандии Амрико ба кӯдаконе, ки дар қаламрави ин кишвар ба дунё омадаанд, дар пешорӯи интихоботи миёндаврии Конгресс, баҳсҳоеро ба миён овардааст. Интихоботи миёндаврии Конгресс рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад.​

Қонуни Амрико ҳаққи шаҳрвандиро барои онҳое, ки дар хоки Амрико ба дунё омадаанд, маҳфуз медорад. Доналд Трамп ҳамагӣ як ҳафта қабл аз баргузории интихоботи Конгресс гуфт, талош хоҳад кард, то фарзандони муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва касоне, ки шаҳрванди Амрико нестанд, натавонанд ҳаққи шаҳрвандӣ дарёфт кунанд.

Трамп, ки мавзеи сарсахтона дар баробари муҳоҷирони ғайриқонунӣ гирифтааст, ҳатто қабл аз он, ки бар раёсати ҷумҳурӣ бирасад, алайҳи ин амр сухан гуфта буд.

"Мо танҳо кишвари ҷаҳон ҳастем, ки як нафар метавонад вориди хоки он шавад ва худ ба худ фарзанди ӯ шаҳрванди Амрико шинохта бишавад .... ин бемаънӣ аст ва бояд мутаваққиф шавад",-гуфтааст Трамп рӯзи 30-юми октябр дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарии Axios. Трамп афзуд, ҳуқуқдонҳо ба вай гуфтанд, ки ӯ метавонад дар ин бора фармон содир кунад ва ин раванд ҷараён дорад ва ин кор анҷом хоҳад шуд.

Изҳороти раиси ҷумҳури Амрико дар бораи лағви ин масъала аз сӯи тарафдорони вай истиқбол шудааст. Аммо бархе ҳуқуқшиносон ба ин бовар ҳастанд, ки ин иқдоми эҳтимоли Трамп мухолифи Қонуни асосии ин кишвар хоҳад буд.

Пешниҳоди манъи ҳаққи шаҳрвандӣ аз тариқи таваллуд дар хоки Амрико ба мухолифатҳо, аз ҷумла аз сӯи шуморе аз аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳ рӯбарӯ шудааст, аммо Трамп рӯзи 31-уми октябр дар "Твиттер"-и худ навишт, ки ин нуқтаи назари мухолифон аз сӯи қонун ҳимоят намешавад.

Доналд Трамп.
Доналд Трамп.

Тағйироте ба Қонуни Асосии Амрико, ки дар пайи ҷанги дохилии он кишвар ба тасвиб расид, мегӯяд, ки ҳаққи шаҳрвандӣ "ба ҳама касоне, ки дар хоки Амрико ба дунё омадаанд ё ба таври табиӣ шаҳрванд ба шумор мераванд", дода мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки "ҳаққи хок" яке аз тағйирот дар Қонуни Асосии Амрико аст ва ҳар гуна дахолат ва тасарруфи дар он ниёзманди тай шудани раванди қонунии тӯлонӣ ва ҷалби мувофиқати аксарияти зиёди Конгресс ва ниҳодҳои қонунгузори маҳаллӣ дар 50 иёлати Амрико аст.

Дар баробари Доналд Трамп, муовинаш Майк Пенс низ аз пуштибонҳои ин пешниҳод мебошад. Дар ҷараёни як ҳамоиш оқои Пенс рӯзи 30-юми октябр гуфт, ки ин мавзуъ аз сӯи ҳукумати Амрико мавриди баррасӣ қарор дорад.

Демократҳо Доналд Трамп ва ҷумҳурихоҳонро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо истифода аз ин қазия мехоҳанд дар интихобот раъйи бештар ба даст биёранд ва контроли Конгрессро ба даст гиранд.

Бархе аз ҷумҳурихоҳон ҳамзамон ба ин пешниҳоди Трамп нобоварӣ кардаанд. Пол Раян, аз афроди маъруфи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Конгресс пас аз изҳороти Трамп гуфтааст, "шумо наметавонед бо фармони иҷроӣ ҳаққи шаҳрвандиро аз зодагон дар хоки Амрико бигиред."

Корвони муҳоҷирон аз Амрикои ҷанубӣ дар роҳ ба сӯи Амрико.
Корвони муҳоҷирон аз Амрикои ҷанубӣ дар роҳ ба сӯи Амрико.

Ин қонун дар тӯли солҳои зиёд ба таври маъмул ин гуна тафсир мешуд, ки ҳаққи шаҳрвандӣ ба фарзандони муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ, ки дар хоки Амрико ба дунё омадаанд, дода шавад. Аммо Трамп, ки мавзеи сарсахтона дар баробари муҳоҷирони ғайриқонунӣ гирифтааст, ҳатто қабл аз он, ки бар раёсати ҷумҳурӣ бирасад, алайҳи ин амр сухан гуфта буд.

Дар фазои сиёсии кунунӣ, ки мухолифати тақрибан ҳама демократҳо ва шумори қобили мулоҳизаи вакилони ҷумҳурихоҳро бо худ дорад, баъид ба назар мерасад, ки қонуни додани ҳаққи шаҳрвандии Амрико ба кӯдаконе, ки дар қаламрави ин кишвар ба дунё омаданд, тағйир кунад.

Ҳамзамон, бархе аз нозирон мегӯянд, ин қобили пешбинӣ аст ва қонунгузорон метавонанд бархе муқаррарот барои кӯдакони муҳоҷирони ғайриқонуниро тағйир бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG