Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи сарони Чин ва Амрико дар бораи ҳалли ихтилофоти тиҷоратӣ


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Си Ҷинпин, президенти Чин рӯзи панҷшанбеи 1-уми ноябр нисбат ба ҳаллу фасли ихтилофи тиҷоратӣ байни ду кишвар ибрози хушбинӣ кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки вазорати адлияи Амрико ду кишвари мустақар дар Чин ва Тайванро ба дуздии асрори тиҷоратӣ муттаҳам кардааст.

Амрико ва Чин то ба ҳол садҳо миллиард доллар ба молу колоҳои воридотии якдигар таруфаҳои гумрукӣ ҷорӣ кардаанд

Доналд Трамп пас аз гуфтугӯи телефонии "бисёр хуб"-и худ бо Си Ҷинпин дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навиштааст, музокироти тиҷоратӣ бо Чин ба хубӣ пеш меравад ва қарор аст дар ҷараёни нишасти сарони "Гурӯҳи 20" бо раиси ҷумҳури Чин мулоқот кунад.

Си Ҷинпин низ дар гуфтугӯ бо телевизиони давлатии Чин ибрози умедворӣ кардааст, ки Чин ва Амрико битавонанд робитаҳои пойдор ва солимеро рушд бидиҳанд. Раиси ҷумҳури Чин ҳамчунин гуфт, ки моил аст бо Доналд Трамп дар нишасти сарони "Гурӯҳи 20", ки охири моҳи ҷорӣ дар Аргентина баргузор мешавад, мулоқот кунад.

Раиси ҷумҳури Чин таъкид кардааст, "ҳайатҳои музокиракунандаи тиҷоратии ду кишвар бояд дар хусуси ихтилофот тамосҳо ва гуфтугӯҳои худро бештар карда ва дар ин бора ба тавофуқ бирасанд". Раҳбарони Амрико ва Чин ҷузъиёти бештаре аз музокироти худ ва ҳамчунин пешрафт дар гуфтугӯҳои дуҷониба барои ҳалли ихтилофот, ироа накардаанд.

Пеш аз ин мақомҳои амрикоӣ гуфта буданд, то вақте, ки Пекин ба иқдомоти мушаххас барои тағйироти васеъ дар сиёсатҳои интиқоли технология ва дастрасӣ ба бозор назанад, музокирот байни ду кишвар сурат намегирад.

Амрико ва Чин то ба ҳол садҳо миллиард доллар ба молу колоҳои воридотии якдигар таруфаҳои гумрукӣ ҷорӣ кардаанд ва Доналд Трамп таҳдид кардааст, ки дар нисбати 500 миллиард доллари дигар аз колоҳои воридотӣ аз Чин таруфаҳо ҷорӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи панҷшанбе вазорати адлияи Амрико ҳукмеро алайҳи ду ширкати мустақар дар Чин ва Тайван содир кард, ки бар асоси он, ин ду ширкат муттаҳам шудаанд, ки асрори тиҷорати як ширкатро дуздидаанд.

XS
SM
MD
LG