Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ки дар интихоботи оянда худашро номзад мекунад


Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон барои аввалин бор гуфт, ки мехоҳад худро дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури он кишвар номзад намояд. Оқои Ғанӣ рӯзи панҷшанбеи 1-уми ноябр дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии "Блумберг" дар Кобул гуфт, ки мехоҳад дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури якбори дигар ба қудрат бирасад, то корҳоеро, ки оғоз кардааст, такмил намояд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳоле дар бораи расидани дигарбора ба қудрат барои як давраи дигар тамоюл нишон медиҳад, ки миёни аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар дар мавриди интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ва муаррифии номзади мавриди назарашон? баҳсу машваратҳо идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфтааст, ки замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишварро ҳафтаи оянда эълон мекунад. Раиси ҷумҳури Афғонистон дар мусоҳиба бо шабакаи "Блумберг" ҳамчунон гуфтааст, ки ба ҳадафи поёни ҷанги 17-сола дар Афғонистон, гурӯҳи Толибон бояд бо ҳукумати Ваҳдати миллӣ вориди гуфтугӯҳои мустақим шавад.

Вай гуфтааст, ки Толибон аз тариқи гуфтугӯҳои мустақим бо ҳукумати Афғонистон метавонанд дар раванди сулҳ кӯмак кунанд. Раиси ҷумҳури Афғонистон айни ҳол гуфтааст, ки Толибон ва дигар гурӯҳҳои даҳшатафкан талош доранд то ин кишварро ба хоку хун бикашонанд.

Баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2014, ки бо тақаллуб ҳамроҳ буд, Ашраф Ғанӣ ба қудрат расид. Рақиби пурқудрати ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар даври аввал ҳудуди 45 дарсади раъйи мардумро ба даст овард. Дар даври баъдӣ аксари номзадҳое, ки ба даври дувум роҳ наёфтанд, аз тарафдорони худ хостанд, ки аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳимоят намоянд.

Аммо Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон натиҷаҳои даври дувумро ба нафъи Ашраф Ғанӣ эълон кард ва он замон ин таҳаввулот Афғонистонро дар рӯбарӯи як бӯҳрони бузурги амниятӣ ва сиёсӣ қарор дод. Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва доктор Абдуллоҳ пас аз моҳҳо рақобат ва ҷангҷоли сиёсӣ дар бораи эҷоди ҳукумати ваҳдати миллӣ тавофуқ карданд. Ашраф Ғанӣ ба унвони раиси ҷумҳур ва доктор Абдулло Абдулло ба унвони раиси иҷроия ё нахуствазир, ба фаъолият оғоз карданд.

XS
SM
MD
LG