Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири СММ фиристодаи махсусро дар умури Сурия интихоб кард


Антонио Гутерреш
Антонио Гутерреш

Антониу Гутерреш, дабири кулли СММ Шӯрои Амниятро дар бораи ба мақоми намояндаи махсуси ин созмон дар умури Сурия таъйин кардани дипломати норвежӣ Гейр Педерсен огоҳ кард.

Ба бовари дабири кулли СММ, Педерсен метавонад, дар хатми ҷанги ҳафтсолаи Сурия саҳм гузорад ва талошҳои СММ барои ҳалли ин ҷанг роҳбарӣ кунад. Гуттереш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мақомоти Сурия даъват кард, ки ба Педерсон кумак расонанд.

Феълан Гейр Педерсен сафири Норвеж дар Чин аст. Вай то ин замон кишварашро дар СММ намояндагӣ мекард. Педерсен дар мақоми фиристодаи махсуси СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистураро иваз мекунад. Мистура пештар гуфта буд, ки дар поёни моҳи ноябр тарки мақом хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG