Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ бозбинии парвандаи Мирсаидовро рад кард


Раёсати додгоҳи вилояти Суғд бозбинии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистонро дар зинаи назоратӣ рад кард. Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Мирсаидов рӯзи 31-уми октябр гуфт, ки додгоҳи вилоятӣ бозбинии парвандаи Мирсаидовро ба далели "набудани асос", рад намуд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, ки раёсати додгоҳи вилояти Суғд ҳанӯз 17-уми октябр чунин тасмим гирифта, вале имрӯз қарорашро дастрас кардаанд.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори шинохта ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон ба иттифоқи вакили мудофеаш Бахтиёр Насруллоев рӯзи 13-уми сентябр аз додгоҳи Суғд расман хоста буданд, ки парвандаро аз нав баррасӣ ва Мирсаидовро "пурра сафед намояд."

Бахтиёр Насруллоев гуфт, аз ин тасмими раёсати додгоҳи вилояти Суғд бо зерҳимояаш ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят мебаранд. "Мо чунин ҳисоб мекунем, ки дар ҳаракатҳои Мирсаидов ягон ҷиноят дида намешавад. Бинобар ин, ҳукми додгоҳи Хуҷанд ва таъиноти додгоҳи вилоятӣ бекор карда шуда, Мирсаидов сафед карда шавад. Зеро додгоҳи Хуҷанд дар нисбати Мирсаидов ғайриқонунӣ ҳукм кард. Додгоҳи вилоятӣ низ дар зинаи кассатсионӣ ин ҳукмро дар доираи қонун дуруст баррасӣ накард ва боз ҳам Мирсаидовро гунаҳкор донист",-афзуд ӯ.

Худи Мирсаидов баъди озод шудан аз боздошти 8-моҳа дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои исботи бегуноҳиаш то охир ва ҳатто то додгоҳи Гаага хоҳад рафт. Ӯ моҳи декабри соли гузашта боздошт ва моҳи июли имсол бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби "пора" муттаҳам кард.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми август Мирсаидовро аз зиндон озод кард, аммо доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Додгоҳ Хайрулло Мирсаидовро ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф намуд.

Тамдиди муҳлати пардохти ҷаримаи Мирсаидов

Моҳи октябр, дар ҳоле ки ӯ дар манзили падару модар машғули муолиҷаи худ буд, иҷрогарони додгоҳ ҳозир шуда, талаб карданд пули ҷаримаро пардозад. Дар акси ҳол, дубора ба маҳбас фиристода хоҳад шуд.

Мирсаидов бо ироаи дархостномаи расмӣ аз додгоҳ хост мӯҳлати пардохтро тамдид намояд. Зеро 8 моҳ дар маҳбас буд ва ҳоло ҷои кор, ҳамчунин маблағ ё дороие, ки онро фурӯхта, пули ҷаримаро пардозад, надорад. 15-уми октябр додгоҳи шаҳри Хуҷанд ин мӯҳлатро то 15 декабри соли ҷорӣ тамдид кард.

XS
SM
MD
LG