Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат "рейд"-и милисаҳоро дар Коллеҷи рассомӣ "таҳқир" номид


Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки маъмурони милиса дар ҷараёни як санҷиш ҷузвдон ва кисаҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи рассомиро кофтукоб кардаанд, ки “як навъ таҳқир аст”.

  • Вазорати фарҳанг дар вокуниш ба интиқоди Хадамоти пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ, ки пас як санҷиш ба сару либоси муҳассилини ин коллеҷ эрод гирифта буд, посух додааст.
Суратро ба ҳайси далел дар расонаҳо нашр кардаанд, ки гӯё донишҷӯёни мо костюму галстук, яъне либосҳои тавсиявӣ намепӯшанд

Дар посухи вазорат гуфта мешавад, дар рафти амалиёт кормандони Хадамоти пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ дар Коллеҷи рассомӣ "бо шеваи дурушт ба донишҷӯён ва омӯзгорон муомила карда, ҷузвдон ва кисаи донишҷӯёнро кофтаанд, ки ин таҳқир нисбат ба маҷмӯи меъёрҳои ҳамидаи инсонӣ буда, боис ба дилсардӣ ва таъсири манфӣ расонидан ба шууру тафаккури ҷавонон мегардад".

Дар поёни моҳи сентябри имсол Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри як матлаб дар сомонаи расмиаш гуфта буд, санҷиши кормандони милиса дар коллеҷи рассомӣ нишон дод, ки якчанд омӯзгору донишҷӯ бо вуҷуди сар шудани соати дарсӣ «дер омаданд» ва ё бо «либоси ғайритавсиявӣ, ришу мӯйи сари расида ва телефонҳои мобилӣ ба дарсҳо» ҳозир шуда буданд.

Маҳтобӣ Миралиева, омӯзгори Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов, рӯзи 26-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кормандони милиса якбора санҷишро аз як аудитория шурӯъ карданд, ки дар онҷо дарси риёзӣ идома дошт.

"Вақте аз утоқи дарс мебароянд, дар долон як донишҷӯи моро мебинанд. Ӯ дар бахши ҳайкалтарошӣ таҳсил мекунад. Донишҷӯён бештари вақт бо гаҷ кор мекунанд ва ҳамон лаҳза дастҳояш бо гаҷ олуда буда, бо либоси корӣ қарор доштааст. Ҳамон лаҳза сурати ӯро гирифтаанд. Ҳамин суратро ба ҳайси далел дар расонаҳо нашр кардаанд, ки гӯё донишҷӯёни мо костюму галстук, яъне либосҳои тавсияшударо намепӯшанд. Боз гуфтаанд, ки гӯё донишҷӯёни мо бо риши дамида ба дарс омада бошанд, аммо дар асл ин тавр нест", - иброз дошт Миралиева.

Ин устоди коллеҷ гуфт, беш аз як сол аст, ки коллеҷ ба бинои собиқ коргоҳи конструкториву мошинасозӣ кӯчонда шудааст ва онҷо чандон барои таълим мувофиқ нест.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, донишҷӯёни ин коллеҷ аз рӯи хусусияти таълимии соҳа вобаста ба касбу ихтисосашон дар дарсҳои амалӣ метавонанд бо либоси корӣ ҳозир шаванд. "Зеро бо либоси расмӣ бо ашё ва предметҳои хусусияти соҳавӣ (лой, ранг ва ғайра) кор кардан ғайриимкон аст", - гуфтанд дар Вазорати фарҳанг.

Шамсиддин Орумбекзода
Шамсиддин Орумбекзода

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз шароити ногувори коллеҷ дар ин бино огоҳ ҳаст ва ба зудӣ барои беҳбуди вазъи он кӯшиш хоҳанд кард. Ӯ гуфт:

  • “Ман қариб ҳар ҳафта шахсан аз ин коллеҷ дидан мекунам. Ҳоло кӯшиш карда истодаем, ки мувофиқи имкон бо қувваи худи Вазорати фарҳанг, сохтору идораҳои он ва худи донишҷӯёну устодони он ки ҳамагӣ ҳунарманду устоянд, протсеси таълим ба роҳ монда шавад. Дар рӯзҳои наздиктарин аз тарафи дирексияи сохтмони вазорат таъмири биное, ки ба коллеҷ ҷудо шудааст, шурӯъ мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, рассомони собиқадор мегӯянд, табиати касби рассомӣ озодии фитрӣ ва ҳам озодӣ дар пӯшиши либосро тақозо мекунад.

Фаррух Хоҷаев, рассоми ботаҷрибаи тоҷик ва ҳам раиси собиқи Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон гуфт, замоне ки онҳо дар ин коллеҷ таҳсил мекарданд, ҳеҷ маҳдудият дар пӯшидани либос набуд. Ӯ гуфт, “ҳеҷ аз кас аз дар бораи сару либос намепурсид. Мӯи сари мо дароз буд, қариб то миён... Мисли Хиппиҳо (субкултура) будем. Танҳо ягон талабот ақлу дониш ва маҳорат буд. Ҳамин ки аз имтиҳон ду мегирифтӣ, аз коллеҷ хориҷ мешудӣ”.

Ин рассоми тоҷик ки ҳоло ба ҳайси устод дар ин коллеҷ дарс мегӯяд, гуфт, бинои нав на ошхона ва на хоҷатхона надорад ва барои ташкили кори устохона барои машқи расм ҳам шароит надорад.

Бинои Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе соле қабл тахриб шуда, ба ҷойи он як гулгашт бунёд карда шуд. Айни замон ин коллеҷ ба бинои собиқ «Бюрои махсуси конструкторию мошинсозӣ», воқеъ кӯчаи Неъмат Қарабоев кӯчонида шуд.

Маъмурияти коллеҷ мегӯяд, аз сабаби норасоии синфхонаҳо ва зиёд будани фанҳои умумӣ, муассиса наметавонад синфхонаҳои фанҳои биология, педагогика, психология, физика, алгебра, таърих, забони русӣ ва синфхонаҳои тахассусиро ҷойгир намояд.

Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов соли 1936 таъсис ёфта, тайи зиёда аз 80 сол ҳазорҳо нафар онро хатм намудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG