Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На Mini на Maxi. Дарозии домани занҳо дар Тоҷикистон ниҳоӣ шуд. ВИДЕО, САДО


Пӯшидани домани кӯтоҳ ё “мини-юбка” барои духтарону занони тоҷик мамнуъ шуд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар китоби намунаҳои либоси миллӣ, ки ахиран дар нашриёти “Эр-Граф” чоп ва ба ҳама идораҳои давлатӣ тақсим шуд, тавсия додааст, “дарозии доман ё юбка бояд 15-20 сантиметр поин аз зону бошад”.

Навори видео дар инҷост:

Аз мини-юбка то либоси сиёҳ. Занони тоҷик чӣ пӯшанд? Чӣ напӯшанд?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:48 0:00

"Тавсияҳо"-и мақомот қаблан бештар ба чодарҳои сиёҳ ва либосҳои мазҳабӣ рабт мегирифт.

Радиои Озодӣ “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар Тоҷикистон”-ро рӯзи 13-уми апрел дастрас кард. Бар асоси ин китоб, ба занону духтарони тоҷик дар баробари либосҳои миллӣ, ҳамчунин, шеваи пӯшидани либосҳои аврупоӣ низ тавсия шудааст.

Аммо муаллифони китоб либоси нимбараҳнаи аврупоӣ, деколте, топик, куртаҳои нафису тунук ва, инчунин, либосу рӯймоли сиёҳро тавсия надодаанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, “кушодии курта бояд ба андозае бошад, ки ҷойҳои барҷастаи бадан намоён нашавад”.

Дар китоб андозаи пешу қафо, остини куртаҳо ва тарзи бастани рӯймол низ мушаххас шудааст. “Руймолҳо бояд тавре баста шаванд, ки руй ва гардан барои ҳаворасӣ кушода бошад”, - гуфтаанд муаллифони китоб.

​Дар маҷмуъ, либосҳо вобаста ба чаҳор фасли сол, ҷашну идҳо ва ҳатто рӯзҳои таътил муайян шудааст. Ва дар бахши пояфзол дар баробари “иринка”-ву “слансӣ”, пӯшидани ҳамагуна пояфзоли сабуку бе пошна манъ мешавад.

Шамсиддин Орумбекзода
Шамсиддин Орумбекзода

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки назорати иҷрои ин дастурро се идора, аз ҷумла Кумитаи занону ҷавонон бар уҳда доранд. Ӯ гуфт, “ба Осорхонаи миллӣ дароед, бинед, бонувони мо дар асри 14 чӣ хел либоси зебо ба бар доштаанд. Намунаи либосҳои миллӣ аз тамоми гӯшаҳои кишвар дар онҷо ҳаст. Хеле зебову шинам ва дилкашанд. Агар диққат диҳед, дар ҳеҷ кадоме аз ин либосҳо сатру рӯсарӣ нест.”

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар иртибот ба домани кӯтоҳи занон гуфт, “ин интихоби худи мардум аст, мо ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ накардем.”

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим

Дар Тоҷикистон солҳо боз маъракаи тарғиби либоспӯшии миллӣ ва ҷилавгирӣ аз тақлидкорӣ ба либосҳои бегона идома дорад. Мақомоти Тоҷикистон ҳадафи таҳияи дастурамали навро низ “ҷилавгирӣ аз фарҳанги бегонаи либоспӯшӣ” номидаанд.

"Тавсияҳо"-и мақомот қаблан бештар ба чодарҳои сиёҳ ва либосҳои мазҳабӣ рабт мегирифт ва қишри муҳофизакори ҷомеа онро "исломситезӣ" маънидод мекарданд. Ҳамакнун ба ин феҳраст пӯшишҳои замонавӣ ё аврупоӣ низ шомил шуданд. Либосҳои замонавиро асосан занону духтарони шаҳрнишин мепӯшанд ва ба мисли қишри мазҳабии ҷомеа аз дахолати мақомдорон ба шеваи либоспӯшии худ хушнуд нестанд.

Қаблан мақомот гуфта буданд, дар таҳияи ин дастурамал чанде аз тарроҳон ва масъулони Вазорати фарҳангу Кумитаи занон ва ҷавонон саҳм гирифтаанд. Вале Хуршед Сатторов, тарроҳи тоҷик, дар суҳбати як моҳи пеш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, дар таҳияи ин дастурамал тарроҳони муваффақ даъват нашуда ва пешниҳодҳояшон шунида нашудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG