Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби сотсиал-демократ: Паси бозиҳо нерӯҳои бузурганд


Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) овозаҳои ахирро атрофи ҳизб шарҳ дод.

Намояндаи расмии ҳизб Кундуз Жолдебоева дар бораи эҳтимоли барканории Алмосбек Отамбоев аз раисии ҳизб гуфт, ҳанӯз дар ин бора иттилои дақиқе вуҷуд надорад.

"Он чи ҳоло атрофи ҳизб сурат мегирад, ҳодисаи нав набуда, давоми 25 соли фаъолияти ҲСДҚ борҳо такрор шудааст. Хиёнаткорон аз ин пеш ҳам буданд, ки танҳо манфиатҳои худро мехостанд. Пушти ин бозиҳо неруҳои бузург пинҳон ҳастанд. Онҳо хоҳони барҳамдиҳии ҳизб ҳастанд. Аммо ин бозиҳо оқибат надоранд ва ба мақсад намерасанд. Зеро ҳизбро бе Отамбоев тасаввур кардан имкон надорад", - гуфт Жолдубоева.

Бархе аз сиёсатмадорон, ки худро намояндаи ҲСДТ муаррифӣ мекунанд, дар минтақаҳои Қирғизистон бо шиори "ҲСДҚ бе Отамбоев" нишастҳо доир мекунанд. Ин сиёсатмадорон гуфтанд, онҳоро Исо Омурқулов пазируфта ва ташаббусашонро қабул кардааст. Аммо Омурқулов ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодааст.

Ташкилкунандагони нишастҳо мегӯянд, ҳадафашон поккории ҳизб аз фасодкорон ва иваз кардани роҳбарият аст. Онҳо ҳамчунин тасмим доранд, ки ба оинномаи ҳизб тағйирот ворид карда, ба ин тартиб роҳбарии ҳизбро ба ихтиёри шӯро гузоранд.

ҲСДҚ яке аз куҳнатарин ҳизби сиёсии Қирғизистон буда, соли 1993 ташкил шудааст. Дар ҳоли ҳозир ҲСДҚ ҳизби ҳоким ба ҳисоб меравад, зеро намояндагони ҳизби мазкур дар порлумон аксариятро ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG