Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олег Сентсови зиндонӣ барандаи ҷоизаи ба номи Сахаров шуд


Коргардони украинӣ Олег Сентсов, ки дар Русия бо иттиҳоми омодагӣ ба амалҳои террористӣ дар нимҷазираи ишғолшудаи Қрим мӯҳлати 20 соли зиндонро сипарӣ мекунад, барандаи ҷоизаи бонуфузи ба номи Сахарови Парлумони Аврупо шуд. Ин ҷоиза “Барои озодии андеша” тақдим мешавад. Президенти парлумони Аврупо Антонио Таянӣ зимни суханронӣ дар ҷаласаи парлумон дар Страсбург рӯзи 25 октябр гуфт:

“Барои ман боиси ифтихор аст, ки ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ дар Парлумони Аврупо ба ҳамин хулоса омаданд, ки ҷоизаи Сахаров дар соли 2018 бояд ба Олег Сентов тақдим шавад”.

Антонио Таянӣ
Антонио Таянӣ

Намояндагони ҳизби мардумии Аврупо, ки номзадии Сентсовро пешбарӣ кардаанд, гуфтанд, ки ин шахс амалан ба хотири эътирозаш аз раҳбарии Русия дар Қрим зиндонӣ шудааст ва “ба як рамзи тахминан 70 шаҳрванди украинӣ табдил шуд, ки аз ҷониби мақомоти русӣ дар Қрим ғайриқонунӣ боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндон шуданд”.

Дмитрий Динзе, вакили дифои Сентсов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хабар ба зерҳимояаш танҳо дар фурсати ду ҳафта баъд мерасад, агар хабарро ба ӯ хешовандонаш дар нома навишта фиристанд. Маросими тақдими худи ҷоиза 12 декабр дар анҷумани парлумонӣ баргузор мешавад ва баробар бо ин ба барандааш дар ҳаҷми 50 ҳазор евро маблағ тақдим мешавад. Сентсов, ки дар як зиндони вилояти Ямало-Ненетск нигаҳдорӣ мешавад, рӯзи 14 май гуруснанишинӣ эълон карду аз мақомоти Русия озодии ҳама зиндониҳои украиниро талаб кард. Баъди 145 рӯз маҷбур шуд, ки гуруснанишиниро бас кунад, чунки таҳдид карданд, ки маҷбуран ба баданаш ғизо ворид мекунанд.

XS
SM
MD
LG