Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот сабабҳои марги 14 нафарро дар як амалиёти Нангарҳор месанҷанд


Мақомҳои расмии Афғонистон мегӯянд, ба тафтиши сабабҳои марги 14 шаҳрванди мулкӣ шурӯъ кардаанд, ки гуфта мешавад дар ҷараёни як амалиёти ҳарбӣ дар қисмати шарқии ин кишвар кушта шудаанд.

Рӯзи 24-уми октябр эътирозгарон шоҳроҳи бузургеро, ки Афғонистонро бо Покистон мепайвандад, масдуд карда, хостори ба ҷавобгарӣ кашидани масъулони амалиёти шабонаи нерӯҳои ҳарбии Афғонистон дар ноҳияи Родати вилояти Нангарҳор шуданд.

Сокинони ин маҳал ва пайвандони фавтидагон ҷасадҳои онҳоро дар канори роҳе, ки Нангарҳору Ҷалолободро бо Туркхем мепайвандад ва яке аз гузаргоҳҳои асосӣ ба Покистон ба ҳисоб меравад, гузошта ҳаракат дар онро қатъ карданд. Аттоулҳақ Хоҷанӣ, намояндаи мақомот тасдиқ кард, ки қурбониён дар натиҷаи амалиёт кушта шуданд ва ба тафтиши расмӣ шурӯъ шудааст.

Наҷибулло Амирхел, яке раҳбарони қавмӣ, шумораи қурбониёнро бо шумули занону кӯдакон 16 нафар гуфт.

«Неруҳои ҳукуматӣ ба чанде аз хонаҳои сокинон ҳамла карданд. Онҳо 14 нафар, аз ҷумла кӯдаки 6-соларо куштанд», гуфт Амирхел ба оҷонсии AFP ва афзуд, ки ду нафари захмиён дар шифохона ҷон доданд.

«Мо аз ҳукумат талаб дорем, ки гунаҳкоронро ҷазо бидиҳад», гуфтааст ӯ ба TOLOnews. Ба иттилои ин телевизион, шумораи кушташудагон на камтар аз 17 нафаранд.

Бори сангинии хушунатҳо дар Афғонистон бештар ба дӯши шаҳрвандони мулкӣ мебошад. Бинобар гузориши чанде пеши СММ, дар тамоми қаламрави ин кившар тайи 9 моҳи соли равон 8,050 нафар афроди мулкӣ кушта шуданд.

Бинобар ин гузориш, 65 дарсади қурбониён бар асари фаъолиятҳои Толибон, ДИИШ ва дигар гуруҳҳои зиддидавлатӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG