Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ҳафт корманди тибб дар кӯдакфурӯшӣ айбдор шуданд


Дар Қирғизистон дар доираи парвандаи кӯдакфурӯшӣ нисбати ҳафт корманди тибб айб эълон шуд. Дар ин бора дар як нишасти хабарии рӯзи 24 октябр дар шаҳри Бишкек вазири корҳои дохилии ин кишвар Қашқар Ҷунуншалиев иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, шаш тан аз ин айбдоршавандаҳо дар боздоштгоҳ ва як тани дигар дар ҳабси хонагист. Вазир афзуд, баъди анҷоми тафтишот ҷузъиёти парвандаро шарҳ хоҳад дод.

Ба иттилои мақомот, аз рӯи далели гумшавии кӯдакон дар Қирғизистон дар маҷмуъ чаҳор парванда боз шудааст.

Дар фурӯши кӯдакон кормандони беморхонаҳои шаҳрӣ гумонбар мешаванд. Онҳо 7 сентябр боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG