Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати муҳим бо муовини додситони кулл мавқуф гузошта шуд


Ду Кумитаи Конгресси ИМА суҳбатеро, ки қарор буд 24-уми октябр бо муовини Додситони кул Род Розенштейн пушти дарҳои баста сурат бигирад, мавқуф гузоштанд. Қарор буд ӯ дар мавриди гузоришҳое пурсида мешуд, ки гӯё пинҳонӣ талош кардааст президент Доналд Трампро сабт карда инчунин масъалаи барканории ӯро аз мақом баррасӣ кунад.

Моҳи гузашта нашрияи “Ню-Йорк таймс” хабар дод, ки Розенштейн соли гузашта масъалаи пинҳонӣ сабт кардани Трампро баррасӣ карда аъзои кобинаи ӯро ҷалб мекард, то ки бо истифода аз имкониятҳои конститутсия ӯро аз мақом барканор кунанд. Розенштейн ин гузоришро носаҳеҳ хонда гуфт, ки ӯ “ҳеҷ гоҳ сабти президентро ташкил накардааст ва барои сабти президент низ иҷозат надодааст”.

Дар матлаб баъзе ҳадсҳо ҷой доштанд , ки мумкин аст баъди ин Трамп Розенштейнро аз мақомаш барканор кунад. Аммо дар оғози ин моҳ Трамп эълон кард, ки ӯ бо Розенштейн суҳбати хубе дошт ва қасди барканор кардани ӯро надорад.

Раисони ду кумитаи маҷлиси намояндангони Амрико Боб Гудлейт ва Трей Говдӣ рӯзи 23-уми октябр гуфтанд, ки онҳо ба он хотир сӯҳбат бо Розенштейнро мавқуф гузоштанд, ки барои он вақти кофӣ ҷудо нашуда буд.

Дар баёния муштарак вакилон гуфтанд, суханронии Розенштейн дар назди вакилон ба вақти дигар гузаронида мешавад ва мумкин аст, он ба таври ошкор баргузор шаваду на дар шакли мусоҳиба пушти дарҳои баста.

Интизор меравад, кумитаҳои Конгресс нақши Розенштейнро дар назорати тафтишоти робитаи Русия бо маъракаи интихоботии Трамп дар 2016, ки аз сӯи вакили мудофеи вежа Робет Мюллер пеш бурда мешуд, зери шубҳа гузоранд.

Трамп чанд дафъа ин тафтишотро гунаҳгоркобӣ ва “шикори аҷузаҳо” номида ба онҳое, ки тафтишотро пеш мебурданд, таҳдид кардааст.

Ду кумита ба омӯзиши он машғуланд, ки Бюрои федеролии тафтишот дар зинаҳои аввалияи тафтиши дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи Амрико амалкарди ғайримунсифонаи сиёсӣ нишон додаанд.

XS
SM
MD
LG