Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болтон ба мақомоти Русия: Мувозиби Чин бошед


Ҷон Болтон
Ҷон Болтон

Президенти Русия Владимир Путин шоми 23-юми октябр дар Кремл бо мушовири амнияти милии Амрико Ҷон Болтон мулоқот кард.

Хабаргузории ТАСС мегӯяд, дар ҷараёни мулоқоташ бо чанд мақоми баландпояи Русия қабл аз дидор бо Путин, Болтон чанд изҳороти муҳим дод.

Ӯ, аз ҷумла, таъкид кардааст, ки Эрон мисли пешин дар пайи истеҳсоли силоҳи атомӣ мебошад. "Ба ҳамин хотир ҳам таҳримҳои амрикоӣ бояд ба Теҳрон фишори ҳадди аксар гузорад, то ки рафтораш дигар шавад", - гуфтааст Болтон.

Ӯ гуфтааст, қароре дар заминаи истиқрори мушакҳо дар хоки Аврупо баъди аз созишномаи нобудкунии мушакҳои миёнаву дурбурд берун шудани Амрико қабул нашудааст.

Болтон дар иваз ба Русия машварат додааст, ки "мувозиби Чин ва риоя нашудани муқаррароти истифодаи силоҳ аз ҷониби ин кишвар бошад". Ӯ гуфтааст, ки қабл аз берун шудани Амрико аз созиш, Вашингтон бо ҷониби Русия машваратҳои иловагӣ барпо мекунад.

XS
SM
MD
LG