Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири собиқи Отамбоев то 28 ноябр дар боздошт мемонад


Як муттафиқи президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар Русия боздошт ва ба Бишкек истирдод шуд. Собиқ мушовири Отамбоевро аз рӯи парвандаи эҳтимолии тақаллуби молӣ дастгир карданд.

Акс аз соли 2015
Акс аз соли 2015

Икромҷон Илмиёнов яке аз афроди наздик ба президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев маҳсуб мешавад, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад. Гузоришҳои матбуотӣ ҳокӣ аз он аст, ки Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон Илмиёновро 20-уми октябр дар шаҳри Қазони Тотористон боздошт кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳукм кард, ки Илмиёнов то 28 ноябр дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад. Исми ӯро дар феҳрасти мавриди ҷустуҷӯ ворид карда буданд.

XS
SM
MD
LG