Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трампу Эрдуғон шарҳи қатли Хошуқчиро интизоранд


Трамп ва Эрдуғон дар як сӯҳбати телефонӣ шарҳи пурраи ҳодисаи қатли журналисти саудиро тақозо карданд. Дар як сӯҳбати телефонӣ президентони ИМА ва Туркия – Доналд Трамп ва Раҷаб Таиб Эрдуғон ба ин хулоса омаданд, ки куштори Ҷамол Хошуқчӣ дар консулгарии Саудӣ дар Истамбул бояд пурра шарҳ дода шавад. Дар ин бора дафтари президенти Туркия хабар дод. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Эрдуғон ва Трамп хостори шарҳи пурраи ҷузъиёти қазияи Хоушқчӣ мебошанд.

Ин изҳороти дафтари президенти Туркия рӯзи 22 октябр аз ҷониби хабаргузории Анадолу нашр шуд. Қаблан президенти Туркия гуфт, ки рӯзи 23 октябр «ҳақиқати урён»-ро дар бораи куштори журналисти дигарандеш ошкор хоҳад кард.

Риёз дар оғоз гуфт, ки журналисти 60-солаи Саудӣ бидуни осебе рӯзи 2 октябр сафоратро тарк кард, вале рӯзи 20 октябр гуфт, ки дар як занозанӣ дар дохили сохтмони консулгарӣ кушта шуд. Ин изҳоротро дар ҷаҳон бо шубҳа қабул карданд. Вазири хориҷаи Саудӣ рӯзи 21 октябр гуфт, ки куштори Хошуқҷӣ “як амалиёти худсарона” буд. Абдул аҷ-Ҷубайр дар сӯҳбат бо Fox News гуфт, ки масъулони ин “иштибоҳи амиқ” ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

XS
SM
MD
LG